7 Январ 2025 - 18:23
Ироқчӣ: Тоҷикистон ҷойгоҳи мумтозе дар сиёсати хориҷии Эрон дорад

Саҳоб. Вазири умури хориҷаи Эрон, сафари ояндаи раисиҷумҳури Эрон ба Тоҷикистонро фурсати муғтанаме барои тақвияти ҳарчӣ бештари ҳамкориҳои ду кишвар донист.

Ба гузориши шабакаи “Саҳоб”, ба нақл аз ИРНА, Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба аҳамияту ҷойгоҳи мумтози Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии Эрон, ба далели вуҷуди пайвандҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ – тамаддунӣ ва забонии ду миллат ва низ вуҷуди зарфиятҳои фаровон барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаҳои иқтисодиву тиҷорӣ ва соири арсаҳо, бар иттихози ҳамаи тамҳидоти лозим барои баҳрабардории ҳаддиаксарӣ аз ин фурсатҳо таъкид кард.

Исмоили Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорони расонаҳои дохиливу хориҷӣ дар посух ба пурсише дар бораи сафари Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон гуфт, барномарезӣ барои ин сафар сурат гирифтаву раиси ҷумҳурӣ дар садри ҳайате олирутба, январи ҷорӣ дар сафаре дурӯза ба Тоҷикистон меравад.

Ҷумҳурии исломии Эрон ҷузви аввалин кишварҳое буд, ки истиқлоли давлати Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва аввалин кишваре буд, ки сафоратхонаи худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ кард.

Ҳеҷ кишваре ба андозаи Ҷумҳурии исломии Эрон ба Тоҷикистон иртиботи наздик ва дилбастагӣ надораду иллати он ҳам қаробатҳои нажодӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ ва забонии миллатҳои ду кишвар аст.

Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон низ Тоҷикистон аз ҷойгоҳи болое бархӯрдор асту Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон аз равобити ду кишвар ба унвони “равобити хешовандӣ” ёд кардаанд.

342/