8 Август 2024 - 15:18
“Тамасхур кун ва дурӯғ бигӯ!” Нигоҳе ба твитҳои ахири Эди Куҳен, тролли маҷозии исроилӣ

Эди Куҳен, ки худро афсару рӯзноманигори исроилӣ муаррифӣ мекунад, пас аз шаҳодати Исмоил Ҳания дар Теҳрон, фаъолиятҳои густардае дар шабакаи иҷтимоии “Икс” аз худ нишон додааст.

Нокомии режими Исроил дар нобудии Ҳамос ва озодсозии асирону ҷуръат надоштан дар додани посух ба амалиёти “Ваъдаи содиқ”-и Эрон, фишори ҳайсиятии шадиде бар ин режим ворид кардаву боис шудааст саҳюнистҳо барои ба даст овардани обрӯи аз дастрафтаи худ, аз троллҳову авбоши маҷозӣ барои ҳамла, тамасхур ва дурӯғпароканӣ баҳра бибаранд. Яке аз ин троллҳои Исроил Эди Куҳен аст, ки худро афсару рӯзноманигори исроилӣ муаррифӣ карда ва ба назар дастур ёфта то пас аз шаҳодати Исмоил Ҳания дар Теҳрон барои режими Исроил дастовардсозӣ кунад.

Дар ин матлаби дарёфтии маҷаллаи “Порс-туднй”, бархе аз твитҳои ахир Эди Куҳен мавриди воковӣ қарор гирифтаанд.

 

Талош барои қудратнамоӣ

Эди Куҳен дар твите дар шабакаи иҷтимои “Икс” бидуни ишора ба буҳронҳои дохилии Исроил, аз ҷумла муҳоҷирати маъкус, таътилии фурудгоҳҳо, баргузории тазоҳуроти зидди кабина, ихтилоф миёни аъзои кабина ва ғайра, Исроилро, ки ба гуфтаи Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон “аз хонаи анкабут сусттар аст”, ба хонаи амн ташбеҳ кардааст.

Куҳен навиштааст: "Ҳар кас вориди хонаи Натанёҳу шавад, дар амон аст, ҳар кас вориди хона (оятуллоҳ) –и Хоманаӣ шавад, дар хабарҳо хоҳад буд".


342/