Бомдоди ҷумъа вазири хориҷаи Эрон дар раъси ҳайате сиёсӣ муташаккил аз коршиносони ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва мутахассис дар умури бонкиву молӣ озими Рум шуд то панҷумин давр аз гуфтугӯҳои ғайримустақимро бо намояндаи вижаи раисиҷумҳури Амрико аз сар бигирад.
Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон то кунун чаҳор давр (се давр дар Масқат ва як бор дар Рум) бо Стив Виткофф, намояндаи вижаи Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ба таври ғайримустақим ва бо миёнҷигарии Юадр Албусаидӣ, вазири хориҷаи Уммон гуфтугӯ кардааст.
Ироқчӣ панҷшанбешаб дар як барномаи телевизионӣ гуфт: Мо аз ҳуқуқи худ ақибнишинӣ нахоҳем кард. Барномаи ҳастаии мо, аз ҷумла ғанисозӣ бояд идома пайдо кунад, аммо дар айни ҳол омодагӣ дорем иқдомоти эътимодсозу шаффофиятофаринро иттихоз кунем ва назоратҳои густардатареро низ бипазирем. Зеро мо аз моҳияти сулҳомези барномаи худ итминон дорем.
Дар рӯзҳои гузашта мақомоти амрикоӣ, аз ҷумла Доналд Трамп, раисиҷумҳур, Стив Виткофф, намояндаи вижаи вай дар умури Ғарби Осиё, Марко Рубио, вазири хориҷа ва сухангӯёни Кохи Сафед ва Вазорати умури хориҷаи Амрико дар иқдоме ғайриҳирфаӣ муддаӣ шуданд, ки танҳо мавзӯи мавриди қабул аз сӯи онҳо дар гуфтугӯҳо бо Эрон, канор гузоштани комили ғанисозии уран аст, мавзӯе ки хати қирмизи Эрон аст.
Мутолибаи аслии Эрон дар ин гуфтугӯҳо он аст, ки таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунии Амрико ба таври муассир рафъ шавад. Эрон ҳамчунин ба унвони узве масъул дар муоҳидаи адами ишоаи таслеҳоти ҳастаӣ (NPT) ғанисозии уранро ҳаққи худ дониста ва бар ҳифзи чархаи сӯхт таъкид дорад.
Дар ҳамин ҳол Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон бомдоди ҷумъа дар вокуниш ба таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Эрон дар шабакаи “Х” навишт: Вазорати хориҷаи Марко Рубио бо тасаррии таҳримҳои Амрико ба бахши сохтусоз, рекорди ҷадидеро дар таърихи тӯлонии душманӣ ва иқдомоти қаҳромези ғайриқонунии Амрико алайҳи миллати Эрон рақам зад. Ин иқдом, шарурона, ғайриқонунӣ ва зиддиинсонӣ аст.
Ба гуфтаи Бақоӣ, дар остонаи даври панҷуми музокирот, ин иқдом беш аз пеш иродаву ҷиддияти Амрико дар масири дипломатияро зери суол мебарад.
Давлати Амрико рӯзи панҷшанбе дар остонаи даври панҷуми музокироти ғайримустақим бо Эрон, таҳримҳоеро алайҳи бахши сохтусози Ҷумҳурии исломии Эрон эъмол кард.
Your Comment