AhlulBayt News Agency (ABNA) Ба нақл аз Спутник, раиси Иттиҳодияи занони мусулмони Русия ва узви Шурои хубрагони думои иёлатии Федератсияи Русия гуфт, ислом занонро аз тиҷорат, фаолият ва ҳузур дар иҷтимоъ бо шарти риояти ҳарим ва аҳкоми исломӣ манъ намекунад.
Наила Зиганшина гуфт, дар Тоҷикистон теъдоди зиёде аз занон дар масъулиятҳои мудириятӣ машғули кор ҳастанд.
Ӯ афзуд, ба тозагӣ Ширин Исматуллозода ба раёсати Ситоди муқобила бо коронавирус таъин шуд ва дар феврали соли равон Наргис Қосимова, рӯзноманигор ва чеҳраи машҳури Тоҷикистон ба унвони раиси Эътилофи миллии рӯзноманигорони зани Тоҷикистон интихоб шуд.
Зиганшина гуфт, то имрӯз дар кишварҳои ортодокс, ки мусулмонон дар онҷо зиндагӣ мекунанд нақши занон дар зиндагии хонагӣ маҳдуд шудааст.
Ӯ гуфт, нуктаи аслӣ ин аст, ки занон дар ҳини кор расолати худро фаромӯш накунанд ва модар ва ҳамсарони хубе бошанд.