AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Сешанбе

28 Ноябр 2023

19:18:10
1415763

Озори ҷинсии ниме аз кормандони зан дар созмони ҳамлу нақли Британия

Натиҷаҳои такондиҳандаи тозатарин таҳқиқоти суратгирифта дар Британия нишон медиҳад, ки ниме аз кормандони зани фаъол дар созмони ҳамлу нақли ин кишвар тайи як соли гузашта мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифтаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Иттиҳодияи роҳи оҳан, дарёнавардӣ ва ҳамлу нақли Британия, ки афзун бар 80 ҳазор узв дорад тайи таҳқиқоте дарёфт, ки аз ҳар 10 корманди зан дар шабакаи рейлӣ, автобусронӣ, метро ва киштиҳои мусофирӣ чаҳор нафар дар соли 2022 қурбонии озори ҷинсӣ шудаанд.

Дар бахшҳое аз ин гузориш ба ривоятҳои такондиҳандае аз таҷрибаҳои қурбониён ишора шуда, ки нишон медиҳад чи гуна онҳо дар муҳити кор мавриди азияту озори мардон қарор гирифтаанд.

 Ин дар ҳолест, ки 70 дарсад аз қурбониён гуфтаанд ба далели нобоварӣ ба ниҳодҳои назоратӣ мушкилоти худро гузориш ва пайгирӣ накардаанд.

 Ҳамчунин 80 дарсад аз занон таъкид кардаанд, ки омори мавридҳои муртабит бо озори ҷинсӣ дар нақлиёти умумӣ рӯ ба афзоиш аст.

 Аз сӯе мудирони ниҳодҳои ҳамлу нақл дар авҷи мушкилоти иқтисодӣ дар пайи иҷрои тарҳе ҳастанд, ки бар асоси он бархе касбу корҳо таътил ва омори неруҳо барои сарфаҷӯиҳои молӣ таъдил шавад.

342/