AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Чоршанбе

15 Ноябр 2023

20:31:22
1411982

Тафсир - ифшои сиёсати дугонаи Туркия дар таҳрими режими саҳюнистӣ

Ба рағми сар додан шиорҳои тунди раҳбарони давлати Анкара алайҳи ҷиноёти режими саҳюнистии Исроил ، ҳар рӯз абъоди ҷаддидтаре аз тиҷорати Туркия бо сарзаминҳои ишғолии Фаластин ифшо мешавад.

Дар ҳақиқат, раҳбарони Туркияи худро мудофеъи ормони миллати мазлӯми Фаластин муаррифӣ мекунанд,  аммо ҳамзамон бо афзоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва  содироти колоҳои асосӣ ба режими саҳюнистӣ, барои густариш ҳар чӣ бештари равобит бо ин режим нажодпараст мекӯшанд . Дар ҳамин иртибот, " Иброҳими Қаҳвачӣ " муфассири машҳури иқтисодии Туркия, бо ироаи оморҳои шаффофу равшан, содироти коло аз ин кишвар ба сарзаминҳои ишғолиро фош кард.

Ин муфассири барҷастаи турк бо истинод ба оморҳои расмӣ эълом кард :« Содироти Туркия ба мақсади сарзаминҳои ишғолӣ нишон медиҳад, ки суханони тунди мақомоти Анкара сирфан ҷанбаи таблиғотӣ ва  масраф дохилӣ дорад ва  тиҷорат бо Исроилиҳо на танҳо мутаваққиф нашуда, балки ба шаклии қобили таваҷҷӯҳе афзоиш ёфтааст » . " Иброҳими Қаҳвачӣ" дар айни ҳол, ҳазфи маҳсӯлоти камарзише ҳамчун Кока-Кола ва нискофе аз менюи ресторанҳо ва  ҳамзамон содироти шаш миллиард долларии маҳсӯли стротежик ҳамчун "фӯлод" ба сарзаминҳои ишғолиро иқдомии риёкорона тавсиф кард.

Содироти фӯлоди Туркия ба Исроил муҳимтарин бахш аз муомилоти ду тарафа аст ва  Туркия ҳар сол, ҳаддиақал шаш миллиард доллари фӯлод ба Исроил содир мекунад.

Илова бар фӯлод, дар саноеъи муҳандисии нафт ва газ низ Туркияи бештарини кумакҳоро ба режими нажодпарасти Исроил ба амал меоварад. Дар сурате, ки дар ин шроитٰ, таҳрими иқтисодии Исроил, як зарурати воқеӣ аст. Бахши азиме аз ҷомеъаи соҳибназару равшанфикри Туркия таъкид доранд, ки "лозим аст ҳар чӣ зудтар содироти колоҳои стротежик аз Туркия ба Исроил мутаваққиф шаванд. "Сиёсатмадорон ва  соҳибназарон турк мегӯянд,  пас аз ҷанги Ғазза ва  ҷиноёти рӯзафзӯни Исроил алайҳи ғайринизомиён ва  тахриби бемористонҳо. Туркия бояд бо Исроил қатъи робита мекард.

Дар ин шароит мушаххас нест, ки чаро мақомҳои давлатии Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ҳузури мардуми Туркия ва аз требунҳои байналмиллалӣ. ҷиноятҳои Исроилро маҳкум аммо дар арсаҳои иқтисодӣ ба густариш ҳар чаӣ бештари ин режими нажодпараст иқдом мекунанд.  Бояд дид, ин сиёсати дугона ва  ғайри усулии давлати Анкара аз куҷо ношӣ мешавад ?

342/