AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Панҷшанбе

9 Ноябр 2023

17:47:07
1410136

Тавофуқи Русия ва Қазоқистон дар хусуси барномаи ҳамкории сесола

Қазоқистон ва Русия дар хусуси барномаи ҳамкории сесола тавофуқ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия имрӯз( панҷшанбе) бо Қосимжомарт Тақоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон дар шаҳри Остона дидор ва дар хусуси барномаи ҳамкории сесола тавофуқ карданд.

 Путин дар ин дидор гуфт: Имрӯз бар асоси натоиҷи музокирот баёнияи муштарак ва чанд санади ҳамкориро имзо хоҳем кард, ки аҳдофи роҳбурдии бештареро барои афзоиши таомули Москва ва Остона мушаххас мекунад.

 Раиси ҷумҳури Русия дар сафари расмӣ ба Остона, зимни дидор бо ҳамтои қазоқистонии худ ба сурати видеоконфронс дар нуздаҳумин Анҷумани ҳамкории байниминтақаӣ байни Қазоқистон ва Русия низ ширкат кард.

342/