Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, кумитаи милли ҷумҳурихоҳони Амрико феҳрасти асомии ҳафт номзади раёсати ҷумҳурии ин ҳизбро, ки қарор аст дар дувумин мунозираи интихоботи ширкат кунанд мунташир кард, ки монанди мунозираи аввал номи Доналд Трамп раиси ҷумҳурии собиқи Амрико дар он дида намешавад ва дар ин барнома ҳам бедуни ҳузури Трамп баргузор мешавад.
Ҷудо аз Доналд Трамп, ки ба сурати ихтиёри аз ҳузур дар мунозира сарфи назар кард "Asa Hutchinson" фармондори собиқи Арканзас ҳам ки дар мунозираи аввал ҳузур дошт дар ин мунозира ширкат намекунад.
Қарор аст дувумин мунозираи номзадҳои ҳизби ҷумҳурихоҳ рузи чаҳоршанбе ба мизбонии шабакаи тиҷории " Fox News" шабакаи телевизионии испаняӣ забон дар иёлати муттаҳидаи Амрико ва дар китобхонаи раёсати ҷумҳурии Роналид Рейган дар шаҳри " Simi Valley" иёлати Калифорния баргузор шавад.
342/