18 Сентябр 2023 - 16:38
 Тромп: Пелоси масъули ҳамла ба сохтумони Конгресси аст

Раисиҷумҳури собиқи Амрико, Пелоси раиси пешини Маҷлиси намояндагонро масъули ҳамла ба Конгресс дар 6-уми январи соли 2021 донист.

Ба гузориши Садои Хуросон, Трамп, дар мусоҳибае бо шабакаи NBC гуфт: Ман аз ӯ хостам,ки горди милли се рӯз қабл аз Конгресс ҳузӯр дошта бошад ва Пелоси онро рад кард.

Вай афзӯд: Агар сарбозон дарнКонгресс мустақар буданд, 6-уми январ иттифоқ намеафтод. Нэнси Пелоси дар вокуниш ба ин изҳороти Трамп гуфт: Ӯ медонад, ки масъули ҳамлаи 6 -уми январ ба Конгресси Амрико аст, аммо ҳамларо ба дигарон нисбат медиҳад, ин изҳорот шармовар аст.

Дар 6-уми январи 2021, ҳаводорони Доналд Трамп, расиҷумҳури собиқи Амрико, бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз таъиди натоиҷи интихоботии Раёсатҷумҳурии 2020 ба сохтумони Конгресс ҳамла карданд.

Дар шуриши 6-уми январ, дасти кам 6 нафр дар даргирӣ бо нерӯҳои полиси Амрико кӯшта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.

342/