Ба гузориши радиои тоҷикии Садои
Хуросон, Девони подшоҳии Марокаш ҳамчунин аз ташкили як кумитаи вазоратӣ
барои тадвини барномаи фаврӣ барои бозсозии манозили тахриб шуда хабар
дод.
Барасоси ин гузориш, шоҳи Марокаш дастури тақвияти тимҳои ҷустуҷӯ барои тасреъи амалиёти имдод ва берун кашидан маҷрӯҳони ин заминларзаро содир кардааст.
Бомдоди шанбе зилзилаи ҳавлноки 7.2 риштерӣ дар Марокаш рӯй дод, ки бузургтарин зилзила дар як қарни ахири ин кишвар башумор меравад.
Шумори қурбониёни ин заминларза бо идомаи кори оворбардорӣ ва ҷустуҷӯ ва наҷот, ба як ҳазору 305 нафар расидааст.
Вазорати кишвари Марокаш дар ҷадидтарин гузориши худ аз омори қурбониёни ин заминларза эълом кард, ки ҳамчунин шумори захмиҳои ин ҳодисаи саҳмгин низ ба як ҳазору 832 тан афзоиш ёфтааст.
Тимҳои имдодрасон ҳамакнӯн дар ҳоли оворбардорӣ ва наҷоту ҷустуҷӯ дар зери оворҳо ва арзёбии хисоратҳои ворида ҳастанд.
342/