Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шайх Иброҳим Закзокӣ дар гуфтугуи ихтисосӣ бо хабарнигори Эронпресс дар Абуҷа дар бораи аҳамияту паёми арбаъини ҳусайнӣ тасреҳ кард : Фидокории Имом Ҳусайн ( а ) барои пирӯзии адолату ҳақ дар баробари зулму ситам дар ҷаҳон буда ва танҳо роҳи наҷоти башарият муқовимат ба шеваи Имом Ҳусайн ( а ) аст.
Раҳбари ҷумбиши исломии Нигерия ҳамчунин фаро расидани айёми арбаъини ҳусайнӣ ( а )-ро ба мароҷеъ,Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва уммати исломӣ таслият гуфт.
Шайх Иброҳим Закзокӣ таъкид кард : Мардум дар асри ҳозир ба фидокорӣ ва роҳи муқовимати Имом Ҳусайн ( а ) дар қиёми Карбало пай бардаанд, ки дар ниҳоят Имом ҷони худро дар масири озодагӣ фидо кард .
Раҳбари ҷумбиши исломии Нигерия тасреҳ кард : Ончи Имом Ҳусайн ( а ) ба хотири он ҷонашро фидо кард, рӯзе амалӣ мешавад ва ба таври яқин рӯзи пирӯзии комили адолату ҳақ бар зулм фаро хоҳад расид.
342/