Ба гузориши шабакаи телевизионии Алҷазира, Михаил Подоляк, мушовири раисиҷумҳури Украина, зимни радди пешниҳоди эъломи оташбас дар ин кишвар, изҳор дошт: Эъломи оташбас ба маънои ҳаққи Русия барои боқимондан дар манотиқи ишғол шуда хоҳад буд ва чунин чизе ғайриқобили қабул аст.
Вай афзуд, иддеаи истиқрори нерӯҳои сулҳбони ғарбӣ дар Украина, иддеаи беарзише аст. Украина ҳақ дорад нерӯҳо ва таҷҳизотро ба ҳар сурате, ки зарурӣ медонад ба хоки худаш мунтақил кунад.
Ин дар ҳоле аст, ки Дмитрий Песков, сухангӯи раёсатҷумҳурии Русия дар баёнияе дар вокуниш ба пешниҳоди Беларус барои оташбас дар Украина гуфт, Маскав ин пешниҳодро баррасӣ хоҳад кард, аммо оташбас дар ҳоли ҳозир, Русияро қодир ба дастёбӣ ба аҳдофи амалиёти низомии вижа дар Украина намекунад.
342/