28 Ноябр 2026 - 11:41
Source: ABNA
Bloomberg: Аврупо барои тақвияти қудрати низомии мустақил аз Амрико талош мекунад

Як хабаргузории байналмилалӣ навишт, ки Иттиҳоди Аврупо дар ҳоли таҳияи нақшае барои пешниҳоди қарзҳо ва кӯмакҳои молии нав ба арзиши даҳҳо миллиард евро бо ҳадафи тақвияти қудрати низомии мустақил ва коҳиши вобастагии мудофиавӣ ба Амрико аст.

Ба гузориши хабаргузории АБНА, Bloomberg ба нақл аз манбаъҳои огоҳ навишт: Нақшаи нав пас аз барномаи 150 миллиард евроии «Тадбирҳои амниятӣ барои Аврупо» таҳия мешавад ва таваҷҷуҳи он ба таъмини имконоти техникӣ, иттилоотӣ ва логистикии зарурӣ барои идора ва пешбурди ҷангҳои густурда хоҳад буд.

Бар асоси ин гузориш, барномаи нав қарор аст дар нимаи дуюми соли 2027 оғоз шавад ва манбаъҳои молии он аз ҳисоби қарзгирӣ ва буҷаи ҳафтсолаи ояндаи Иттиҳоди Аврупо таъмин хоҳад шуд. Андозаи ниҳоии қарзҳо ҳанӯз муайян нашудааст.

Ин нақша махсусан имконотиеро ҳадаф мегирад, ки артишҳои аврупоӣ барои ҷойгиркунии нерӯҳо, таъмини таҷҳизот ва пуштибонӣ, ҳамоҳангсозии амалиёти низомӣ ва ҷамъоварии иттилоот ба онҳо ниёз доранд ва дар ин замина ҳанӯз вобастагии қобили мулоҳиза ба Амрико доранд.

Мудофиаи муттаҳиди ҳавоӣ ва мушакӣ, системаҳои иттилоотӣ, шиносоӣ ва назорат аз ҷумлаи афзалиятҳои сармоягузории муштараки Иттиҳоди Аврупо дар ин чаҳорчӯба унвон шудаанд.

Bloomberg навишт: Шакли ниҳоии ин барнома бо машварат бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва НАТО муайян хоҳад шуд ва андозаи нерӯҳо ва таҷҳизоти амрикоии боқимонда дар Аврупо ё аз ин қитъа хориҷшуда низ дар тарҳрезии он ба назар гирифта мешавад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha