Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз шабакаи Ал-Ҷазира, Фармондеҳии марказии артиши террористии Амрико (СЕНТКОМ) дар баёнияе иддо кард, ки дуздии ду танкери эронӣ аз ҷониби Амрико ва бозпасгирии онҳо аз ҷониби Нерӯи баҳрии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ нодуруст аст.
СЕНТКОМ инчунин гузоришҳоро дар бораи ҳадаф қарор гирифтани киштии ҳавопарбарбари «Аброҳам Линколн» ва дархости Амрико аз кишварҳои минтақа барои кӯмак ба холикунии сарнишинони ин киштӣ такзиб кард.
Ин фармондеҳӣ инчунин иддо кард, ки гирифтани пардохт аз киштиҳои гузаранда аз Танги Ҳурмуз аз ҷониби Амрико низ нодуруст аст.
Дар ҳоле ки Эрон назорати пурраи Танги Ҳурмузро дар даст дорад, СЕНТКОМ иддо кард, ки нерӯҳои амрикоӣ ва шарикони минтақавии ин кишвар назорати Танги Ҳурмузро дар ихтиёр доранд ва Эрон дигар нерӯи баҳрии воқеӣ надорад.
Дар ин баёния барои пӯшондани шикасти сиёсати муҳосираи Эрон иддо шудааст, ки кӯшишҳои Амрико барои эҳёи озодии киштигарӣ дар Танги Ҳурмуз муваффақ буданд ва ҳазорон киштӣ ҳомили миллиардҳо барел нафт таҳти эскорти Иёлоти Муттаҳида бо амният аз ин оброҳ гузаштанд.
Your Comment