28 Ноябр 2026 - 11:38
Source: ABNA
Вазорати корҳои хориҷии Яман: Ҳамлаҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ ба Яман ба 5 ҳазору 934 расид

Вазорати корҳои хориҷии Яман бо ирсоли ёддоштҳо ба ҷомеаи байналмилалӣ идомаи ҳамлаҳои Арабистони Саудӣ ба ғайринизомиён дар Яманро маҳкум кард ва хостори иқдоми ҷиддии ҷаҳонӣ барои қатъ кардани ин ҳамлаҳо ва муҳокимаи омилони он шуд.

Ба гузориши хабаргузории Abna ба нақл аз Ал-Масира, Вазорати корҳои хориҷӣ ва умури муҳоҷирони Яман дар ёддоштҳо ба ҷомеаи байналмилалӣ аз идомаи ҳадаф қарор додани ғайринизомиён ва инфрасохтори ғайринизомии ин кишвар аз ҷониби режими саудӣ ва беэътиноии ин режим ба қонунҳо, урфу одатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башардӯстӣ изҳори нигаронӣ кард.

Ин вазорат дар ёддоштҳои худ эълон кард, ки маҷмӯи ҳамлаҳои ҳавоӣ ва мушакҳои таҷовузи Арабистони Саудӣ аз замони оғози шадидшавии ҳамлаҳо дар 13 июл ба 5 ҳазору 934 расидааст. Дар натиҷаи ин ҳамлаҳо 510 ғайринизомӣ шаҳид шудаанд ва ҳазору 31 нафар дигар захмӣ шудаанд, ки аксари онҳоро занон ва кӯдакон ташкил медиҳанд. Инчунин даҳҳо марказ ва таъсисоти ғайринизомӣ вайрон шудаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Яман эълон кард, ки ҷангандаҳои режими саудӣ душанбеи гузашта як автобуси мусофирбар, чанд комирӯн ва худравҳои ғайринизомиро дар минтақаи «Маъбақ» воқеъ дар гузаргоҳи «Ал-Мақотира» дар вилояти Лаҳҷ ҳадаф қарор доданд, ки дар пайи он 25 ғайринизомӣ, асосан аз оворагон, шаҳид ва захмӣ шуданд.

Ин вазорат афзуд: Дар ҳамон рӯз бинои таъсисоти вобаста ба Муассисаи умумии иртибот дар вилояти Ҳудайда низ ҳадафи ҳамла қарор гирифт, ки дар натиҷаи он 17 нафар шаҳид шуданд ва 11 нафари дигар захмӣ шуданд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha