Ҷонишини Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳ дар идома бо ишора ба таҳаввулот ва рӯйдодҳои ҷаҳонӣ дар ҷараёни мудофиаи муқаддаси кунунӣ гуфт: Рӯйдоди аввал, таҳаввули амиқ дар ҳандасаи қудрати ҷаҳонӣ аст. Имрӯз дигар Амрико қудрати аввали ҷаҳон нест; балки муқовимати илоҳӣ ва таҳсинбарангези уммати мабъус дар рикоби Валии Амри муслимин тавонистааст ҷойгоҳи навро барои Эрони исломӣ дар ҳандасаи қудрати ҷаҳонӣ муайян кунад.
Амир Ҳайдарӣ идома дод: Имрӯз ҷаҳониён медонанд, ки амният ва қудрати ҷаҳонӣ, ки Амрико худро сарвари он медонист, бо ташаккули ҳандасаи нави қудрат дар ҷаҳон рӯбарӯ шудааст, ки Эрони исломӣ бахше аз онро ба худ ихтисос додааст. Муқовимати миллати мо боиси он шудааст, ки дунё барои Эрон ҷойгоҳи хосса дар муодилоти қудрат қоил шавад.
Ӯ рӯйдоди дуюмро ошкор шудани мавқеи геополитикии Ҷумҳурии Исломии Эрон донист ва тасреҳ кард: Мавқеи геополитикии Эрон бебадил, бемисл ва таъсиргузор бар ҷаҳон аст; ин таъсиргузорӣ андозаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ дорад ва гулугоҳи он низ Танги Ҳурмуз аст, ки имрӯз бо тадбир ва иқтидори размандагони ислом дар рикоби Валии Амри муслимин баста шудааст.
Ҷонишини Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳ рӯйдоди сеюмро шикасти Амрико ва режими сионистӣ дар ҷанги таркибӣ алайҳи Эрон унвон кард ва гуфт: Амрико ва режими кӯдаккуши сионистӣ ҳамчун ду қудрати бузурги ҳастаӣ шикасти расвоеро аз Эрони исломӣ гирифтанд. Онҳо ба гумони худ бо ҳамроҳии баъзе кишварҳои минтақа ҷанги таркибиро бар мо таҳмил карданд; аммо дунё шоҳид аст, ки дар ҳадди ақал се муаллифа шикасти фоҳиш ба худи онҳо расид.
Амир Ҳайдарӣ бо ишора ба андозаҳои сиёсии ин шикаст изҳор дошт: Дар арсаи сиёсӣ, тамоми дунё шоҳид буд, ки на ҳизби ҳокими Амрико тавонист дар муроҷиат ба орои умумии мардуми кишвараш ҳимояти лозимиро ба даст оварад ва на ҳизби ҳокими режими сионистӣ. Ҳар ду аз назари сиёсӣ бо шикаст рӯбарӯ шуданд ва ин ба маънои «не» гуфтани миллатҳои ин кишварҳо ба тадбирҳо ва роҳбурдҳои сарварони онҳост.
Your Comment