Ба гузориши хабаргузории «Абна», дар шароите ки Доналд Трамп президенти ИМА ваъда дода буд, ки нафткашҳои гузаранда аз тангӣи Ҳурмуз дар халиҷи Форсро эскорт мекунад, хабаргузории байналмилалии Ройтер ин даъвои ИМА-ро рад кард.
Ройтер ба нақли сарчашмаҳои огоҳ навишт: Нерӯҳои баҳрии ИМА то ҳамаи дархостҳо барои эскорт кардани киштиҳоро рад кардааст.
Бар асоси ин гузориш, аз замони оғози таҳҷуми Вашингтон ва Тел-Авив ба Эрон, дархостҳои зиёде аз тарафи нафткашҳо барои эскорт шудан тавассути нерӯҳои баҳрии ИМА вуҷуд доштааст, амма ҳамаи онҳо рад шудаанд.
Ройтер навишт: Нерӯҳои баҳрии ИМА эълон кардаанд, ки то ҳол хатари ҳамла ба киштиҳо дар тангӣи Ҳурмуз зиёд аст ва наметавонад амнияти гузаштани нафткашҳоро аз ин тангӣ кафолат кунад.
Нерӯҳои баҳрии ИМА эълон карданд, ки ба сабаби хатарҳои мавҷуд, наметавонанд нафткашҳоро барои гузаштан аз тангӣи Ҳурмуз эскорт кунанд.
Your Comment