Бар гузориши хабаргузории «Ибна» ба нақли шабакаи «Россия Ал-Яум», Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе эълон кард, ки рӯзи шанбе 33 амалиёт анҷом додааст, ки шомили ҳамлаҳои мушакӣ ва парронда ва ҳатто заминӣ дар минтақаҳои марзӣ бар зидди ҳадафҳои низомӣ ва низомиёни режими сиёнистӣ будааст.
Аз тарафи дигар, расонаҳои сиёнистӣ аз садо омадани огоҳииҳо дар шаҳраки «Афивим» дар минтақаи Ҷалили ғарбӣ дар шимоли заминҳои ишғолшуда хабар доданд.
Шабакаи «Ал-Маядин» дар ҷануби Лубнон низ гузориш дод, ки як тирбории мушакии нав ба сӯи заминҳои ишғолшуда партофта шудааст ва огоҳииҳо дар «Афивим» садо додаанд.
Ин расонаҳо инчунин эълон карданд, ки даҳҳо мушак ба сӯи минтақаи Наҳария партофта шудаанд ва шумори партофҳо аз Лубнон дар муддати танҳо ним соат ба наздикии 100 ҳолат расидааст.
Дар ҳоле ки, Ҳизбуллоҳи Лубнон эълон кард, ки радарҳои системаи «Гумбози оҳанин» дар пойгоҳи «Кирйат Элиэзер», ки пойгоҳи асосии пешоҳӣ аст, бо мушакҳои вижа ҳадаф қарор гирифтаанд.
Муқовимати исломии Лубнон инчунин эълон кард, ки соати 20:00 шоми рӯзи шанбе пойгоҳи «Стилла Марис»-ро бо мушакҳои вижа мушакборон кард.
Пойгоҳи «Стилла Марис» як пойгоҳи роҳбарӣ барои рақобат ва назорати баҳрӣ дар канори соҳилҳои шимолӣ аст.
Дар идомаи ин маҷмуъ амалиётҳо, муқовимати исломии Лубнон эълон кард, ки пойгоҳи баҳрии Ҳайфа дар ин шаҳр дар заминҳои ишғолшударо бо мушакҳои вижа мушакборон кард.
Расонаҳои сиёнистӣ инчунин гузориш доданд, ки мушакҳо аз тарафи Эрон ба сӯи «Исроил» партофта шудаанд ва аз шаҳракнишинон хоҳиш шудааст, ки фавран ба паноҳгоҳҳо раванд.
Муқовимати исломии Лубнон дар идома эълон кард, ки посгоҳи «Бранит», ки маркази фармондеҳии дивизияи 91-уми артиши Исроил аст, якҷоя бо шаҳраки "Кирйат Шмона" мушакборон шуд.
Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияи дигаре эълон кард, ки ҷамъомади нерӯҳои исроилӣ дар наздики дарвозаи Фотима дар марзи Лубнон ва Фаластини ишғолшуда дар минтақаи Кафарқаларо мушакборон кард.
Ҳизбуллоҳ инчунин эълон кард, ки пойгоҳи «Рамла» дар ҷанубу шарқи шаҳри Тел-Авивро бо мушакҳои вижа ҳадаф қарор додааст.
Ҳизбуллоҳи Лубнон дар посух ба таҷовузоти такрории режими сиёнистӣ ба Лубнон, бори дигар ба амалиёти мушакӣ ба шимоли Исроил даст зад.
Your Comment