18 Феврал 2026 - 13:52
Source: ABNA
Вокуниши Ҳизбуллоҳ ба амалҳои Трамп алайҳи Кубо

Ҳизбуллоҳи Лубнон ба амалҳои золимонаи Амрико алайҳи Кубо вокуниш нишон дод.

Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз Ал-Маёдин, Ҳизбуллоҳи Лубнон бо содир кардани баёнияе амалҳои душманонаи Амрико алайҳи Кубо, ба вижа дар ҳавзаи иқтисод ва қатъи равобити нафтии ин кишвар бо Венесуэларо маҳкум кард.

Дар баёнияи Ҳизбуллоҳ омадааст: "Ин амалҳо паёмадҳои хатарноке дар ҳавзаи боздошти фаъолиятҳои иқтисодии Кубо ва пешниҳоди хидматрасониҳои ҳаётан муҳим ба шаҳрвандони ин кишварро ба дунбол хоҳад дошт".

Дар ин баёния таъкид шудааст: "Амалҳои Трамп алайҳи Кубо девонавор буда ва дар чаҳорчӯби амалҳои вай алайҳи бисёре аз кишварҳо ва миллатҳои мухолифи вобастагӣ ва таслим шудан анҷом мешавад".

Дар идомаи ин баёния тасреҳ шудааст: "Мо бо миллати муқовимати Кубо дар баробари зӯргӯиҳои Амрико эълони ҳамбастагӣ карда ва бар ҳаққи ин кишвар барои истифода аз манобеъи табиӣ таъкид мекунем. Кишварҳои озоди ҷаҳон бояд дар канори якдигар дар баробари Амрикои золим биистанд".

Your Comment

You are replying to: .
captcha