Ба гузориши хабаргузории Абна, Батсалиил Смотрич вазири молияи режими сионистӣ дар давоми як нишаст дар тӯли рӯзи гузашта гуфт, ки яке аз ҳадафҳои вай дар давраи оянда лағви созишномаҳои Осло, пароканда кардани ташкилоти худмухтори Фаластин ва ҳокимияти комили ин режим бар соҳили ғарбӣ мебошад.
Вай илова кард, лағви созишномаҳои Осло ба фурӯпошии ташкилоти худмухтори Фаластин мунҷар хоҳад шуд ва ин танҳо роҳкори дар дарозмуддат аст.
Смотрич гуфт: "Мо дар давраи оянда ба муҳоҷират ба навори Ғазза ва соҳили ғарбӣ ташвиқ хоҳем кард".
Ин суханони Смотрич ифодагари қасд ва нияти Тел-Авив барои бозгардонидани ҳокимияти низомӣ бар соҳили ғарбӣ ва шаҳрак сохтан дар ин минтақа ва навори Ғазза мебошад.
Your Comment