Ба гузориши хабаргузории Абно, интишори иқрорномаҳои як низомии сионист дар фазои маҷозӣ мавҷи хашм ва нафратро дар миёни корбарон, ба вижа корбарони амрикоӣ барангехтааст. Ин низомии сионист дар ҷараёни гуфтугӯи видеой бо як корбари амрикоӣ иқрор кард, ки низомиёни артиши реҷими сионистӣ на танҳо занон ва кӯдаконро дар навори Ғазза қатли ом мекунанд, балки ба онҳо таҷовуз низ мекунанд.
Дар ин гуфтугӯ, корбари амрикоии мазкур аз ин низомии ишғолгар мехоҳад атрофи маҳалли истиқрорашро нишон диҳад. Вай низ мегӯяд: Шок нашав, чизи зиёде аз хонаҳо инҷо боқӣ намондааст. Ҳама чиз бо хок яксон шудааст.
Корбари амрикоӣ мепурсад: Оё артиши Исроил ҳама чизро бо хок яксон кардааст? Ӯ низ ҷавоб медиҳад: Бале.
Ин корбар идома медиҳад: Ту занон ва кӯдаконро мустақиман ба қатл расондӣ? Низомии сионист ҷавоб медиҳад: Бале, бале. Нигарон набош, мо ба онҳо таҷовуз ҳам кардем. Мо на танҳо онҳоро мекушем, балки ба онҳо таҷовуз низ мекунем.
Корбар мегӯяд: Дар ҳақиқат? Шумо ба онҳо таҷовуз мекунед? Медонӣ, ки ин суханон пахш мешаванд ва ҳама аз ту нафрат мегиранд?
Низомии исроилӣ низ ҷавоб медиҳад: Бароям муҳим нест!
Корбарон дар фазои маҷозӣ дар вокуниш ба ин муколама таъкид карданд, ки ин низомии сионист чеҳраи воқеии артиши Исроилро нишон дод ва вай нишондиҳандаи ҳулули шайтон дар ҳайбати инсонӣ аст.
Your Comment