Ба гузориши хабаргузории Абно, Яир Лапид, раиси ҷараёни мухолиф дар реҷими сионистӣ баъд аз дидор бо Исҳоқ Ҳертсог, раиси ин реҷим гуфт: Ман дар ин нишаст таъкид кардам, ки агар Натаняҳу мехоҳад ба сурати ҷиддӣ ба мавзӯи афви ӯ нигоҳ карда шавад, бояд ба таври қонунӣ дархости афве пешниҳод кунад, ки дарбаргирандаи эътироф ба гуноҳ ва иштибоҳоташ ва изҳори пушаймонӣ бошад.
Пештар Ҳертсог интиқодоти шадидулалфониро алайҳи Натаняҳу баъд аз суханони Трамп алайҳи Ҳертсог матраҳ карда буд, зеро Трамп дар ин суханон ба масъалаи афви Натаняҳу ишора ва хоҳони амалӣ шудани он шуда буд.
Манобеъе дар дафтари Ҳертсог гуфта буданд, ки ин суханони Трамп шоковар буд.
Натаняҳу низ дар вокуниш ба ин мавҷи эҷодшуда даъво кард, ки аз ин мавзӯъ огоҳӣ надошта ва Трамп ба сурати шахсӣ ба масъалаи афви ӯ пардохтааст.
Your Comment