Ба гузориши Хабарагензии байналмилалии Аҳли Байт(а) - ИБНО - Дар таҳлиле, ки дар канали Американа мунташир шуда, Ҷек Ҳунтер, нависанда ва таҳлилгари сиёсӣ, дар бораи эҳтимоли рӯёрӯии Эрон ва Амрико мӯътақид аст: Доналд Трамп дар сурати ҳаракат ба сӯи оғози ҷанги нав бо Эрон бо мухолифате сангин ва фарогир дар афкори умум рӯбарӯ хоҳад шуд; мухолифате, ки дар натоиҷи чандин назарсанҷии муътабар ба равшанӣ дида мешавад ва нишон медиҳад, тамоюли чандоне барои амалиёти низомӣ вуҷуд надорад.
Бар асоси назарсанҷии ахири муассисаи SSRS ва Донишгоҳи Мэриленд, танҳо 21 дарсади амрикоиҳо аз оғози ҳамла ба Теҳрон ҳимоят мекунанд, дар ҳоле ки 49 дарсад бо он мухолифанд ва 30 дарсад назари мушаххасе надоранд. Ҳатто дар миёни ҷумҳурихоҳон, миқдори ҳимоят аз амалиёти низомӣ танҳо ба 40 дарсад мерасад ва 25 дарсади ин гурӯҳ низ сареҳан мухолифати худро эълом кардаанд.
Назарсанҷии пешини ЮГов/Экономист низ бо ихтилофи 48 дарсад мухолиф дар баробари 28 дарсад мувофиқ, бартарии ошкори мухолифони ҷангро нишон медод. Илова бар ин, натоиҷи як назарсанҷии Донишгоҳи Куинипяк ҳокӣ аст, ки 70 дарсади шаҳрвандони Амрико бо дахолати низомии Иёлоти Муттаҳида барои ҳимоят аз эътирозгарон дар Эрон мухолифат мекунанд.
Ҳунтер ин рақамҳоро бо фазои сиёсии соли 2003 муқоиса мекунад; замоне, ки 72 дарсади афкори умумии Амрико аз ҳамла ба Ироқ дар даврони раёсати ҷумҳурии Ҷорҷ В. Буш ҳимоят мекарданд. Бо ин ҳол, ба гуфтаи ӯ, дар бистумин солгарди он ҷанг, 61 дарсади амрикоиҳо мӯътақид буданд, ки ҳамла ба Ироқ тасмиме иштибоҳ буд.
Дар ҷамъбандии ин таҳлил омадааст, ки дар шароите, ки ҳимоят аз ҷанг бо Эрон дар беҳтарин ҳол наздик ба як чаҳоруми райъдиҳандагон ё ҳатто камтар аз он аст, Трамп бо хатари такрори тасмиме рӯбарӯ аст, ки бисёре имрӯз онро яке аз пурхароҷоттарин ва осеббортарин иштибоҳоти сиёсати хориҷии Амрико дар таърихи муосир медонанд.
Your Comment