Ба гузориши Хабарагензии Аҳли Байт(а) - ИБНО - Ҳайбат Ал-Ҳалбусӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Ироқ, дастур дод, то хонум "Сафия Толиб ас-Суҳайл" сафири Ироқ дар Арабистони Саудӣ, дар давоми 48 соат эҳзор шавад. Ин дастур дар пайи интишори видеое дар шабакаҳои иҷтимоӣ содир шуд.
Идораи расонавии Маҷлиси Ироқ дар баёнияе эълом кард: "Ҳайбат Ал-Ҳалбусӣ, идораи парлумонии Маҷлисро маъмур кард, то бо Вазорати умури хориҷа мактуба карда, сафири Ироқ дар Арабистони Саудиро дар давоми 48 соат эҳзор кунад."
Қарори эҳзори сафир дар пайи интишори як видеои ҷанҷолӣ аз дохили сафорати Ироқ дар Риёз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифт; дар ин видео шахсиятҳои ироқӣ дар ҳоле дида мешаванд, ки ба шакли таҳқиромез истодаанд, дар ҳоле ки ҳайати саудӣ нишаста ва дар ҳоли суҳбат бо ҳайати ироқӣ аст.
Сафорати Ироқ дар пайи ин ҳодиса бо садири баёнияе ишора кард, ки ин видео аз сиёқи аслии худ бурида шудааст, зеро ин тасвирҳо лаҳзаи интиқоли ҳайати ироқӣ аз маконе ба макони дигар ва иқдомоти онҳоро барои даъвати ҳайати саудӣ ба зиёфати шом нишон медиҳад.
Your Comment