7 Май 2025 - 21:00
Source: ABNA
Ансоруллоҳ: Тавофуқи оташбас бо Амрико режими саҳюнистиро дар бар намегирад

Хабаргузории Ройтерз ба нақл аз яке аз мақомоти ҷунбиши Ансоруллоҳ эълом кард, ки тавофуқи оташбас бо Амрико музокироти мустақим бо Вошингтонро дар бар нагирифт ва тарафи Умон масъулияти миёнҷигарӣ дар ин заминаро бар уҳда дорад.

Ба гузориши хабаргузории Абно, пас аз он ки дирӯз шоми дер Долалд Трамп, раисҷумҳури Амрико, аз тавқифи ҳамлаҳои ин кишвар ба Яман хабар дод, мақомоти яманӣ ва ҷунбиши Ансоруллоҳ бо таъкид бар идомаи ҳимояти Яман аз Навори Ғазза эълом карданд, ки дархости оташбас аз сӯи Амрико буд, на Яман.

Ройтерз ба нақл аз яке аз раҳбарони ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман гузориш дод, ки тавофуқи оташбас бо Вошингтон ҳеҷ гуна музокироти мустақим бо мақомоти амрикоиро дар бар нагирифт.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки тавофуқи оташбаси ба даст омада бо Амрико фақат шомили тавқифи ҳамла ба неруҳои баҳрии Амрико буда ва ҳеҷ гуна ӯҳдадорӣ ё тавофуқе дар бораи режими саҳюнистӣ дар он вуҷуд надорад.

Ин раҳбари Ансоруллоҳ таъкид кард, ки Умон масъули миёнҷигарӣ дар оташбас ва тавқифи ҳадаф қарор додани киштиҳои амрикоӣ аз сӯи Яман буд.

Як мақоми вазорати дифои Амрико шоми сешанбе ба “CNN” эълом кард, ки ба артиши кишвараш дастур дода шудааст, то ҳамлаҳо алайҳи артиши Яманро мутаваққиф кунад.

Ба гуфтаи ин шабакаи телевизионӣ, изҳороти Трамп (дар бораи тавқифи ҳамлаҳо ба артиши Яман) пас аз маҷмӯае аз фаъолиятҳои дипломатӣ дар рӯзҳои ахир миёни Иёлоти Муттаҳида, Умон ва яманиҳо сурат гирифт.

Ин манобеъ ба “CNN” гуфтанд, ки Стив Виткоф, фиристодаи вижаи Трамп дар минтақа, ки дар музокироти ғайримустақим миёни намояндагон аз Теҳрон ва Вошингтон низ ширкат дошт, ҳафтаи гузашта барои миёнҷигарӣ ба хотири барқарории оташбас бо яманиҳо талош кардааст.

Манобеи огоҳ илова карданд, ки ин гуфтугӯҳо бо миёнҷигарии Умон осон шудааст.

Маҳдӣ Мушот, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман, эълом кард, ки кишвараш ба Амрико ба таври ғайримустақим хабар додааст, ки идомаи тасдиди танишҳо бар сафари Трамп ба минтақа таъсир хоҳад гузошт.

Мушот гуфт: “Агар Трамп, ҷинояткор, хоҳад ҷиноятҳои худро қатъ кунад ва он чиро, ки дар пушти сар гузоштааст, ҷуброн кунад, ин масъала ба худаш вобаста аст.”

Вай бар идомаи ҳимояти Яман аз Навори Ғазза таъкид кард ва гуфт: “Ҳеҷ таҷовузи мо аз тасмими дурусти мо дар ҳимояти бародаронамон дар Фаластин бознадорад.”

Your Comment

You are replying to: .
captcha