Ба гузориши Хабаргузории Байналмилалии Аҳли Байт (а) — Абно — вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, ки “ағрози сиёсӣ барои тағйири номи таърихии Халиҷи Форс нишондиҳандаи нияти душманона алайҳи Эрон ва мардуми он аст”.
Сайид Аббос Ороқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба гузоришҳо дар бораи нақшаи ҳукумати Долалд Трамп, раисҷумҳури Амрико, барои истифода аз номҳои ҷаълӣ барои Халиҷи Форс вокуниш нишон дод.
Ороқчӣ рӯзи чоршанбе дар саҳифаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии X навишт: “Номи Халиҷи Форс, мисли бисёре аз номҳои ҷуғрофиёӣ, решаи амиқ дар таърихи башарият дорад. Эрон ҳеҷ гоҳ ба истифода аз номҳое чун Баҳри Умон, Уқёнуси Ҳинд, Баҳри Араб ё Баҳри Сурх эътироз накардааст. Истифода аз ин номҳо ба маънои моликияти ягон миллати хос нест, балки нишондиҳандаи эҳтироми муштарак ба мероси ҷамъии башарият аст.”
Ӯ ҳамчунин навишт: “Баръакс, ағрози сиёсӣ барои тағйири номи таърихии Халиҷи Форс нишондиҳандаи нияти душманона алайҳи Эрон ва мардуми он аст ва ба шиддат маҳкум мешавад. Чунин иқдомоти бадхоҳона тавҳин ба тамоми эрониён аст, сарфи назар аз пешине ё макони зисти онҳо.”
Вазири корҳои хориҷии Эрон изҳори умедворӣ кард, ки “ошӯбҳои хандаовар дар мавриди номи Халиҷи Форс чизе беш аз як маъракаи дурӯғпароканӣ аз сӯи афроди ‘ҳамеша ҷангталаб’ барои хашмгин кардани эрониён дар саросари ҷаҳон ва таҳрики онҳо набошад”.
Раиси дастгоҳи дипломатия дар идома навишт: “Мутмаинам, ки раисҷумҳури Амрико медонад, ки номи Халиҷи Форс садсолаҳо таърих дорад ва аз сӯи тамоми харитасозон ва ниҳодҳои байналмилалӣ эътироф шудааст ва ҳатто то охири солҳои 1960 аз сӯи тамоми раҳбарони минтақа дар мукотиботи расмии онҳо истифода мешуд.”
Ороқчӣ таъкид кард, ки “ҳар гуна иқдоми кӯтаҳандешона дар ин замина ҳеҷ эътибор ё таъсири қонунӣ ё ҷуғрофӣ нахоҳад дошт, ҷуз он ки хашми тамоми эрониён аз ҳар табақа ва ақидаи сиёсӣ дар Эрон, Иёлоти Муттаҳида ва саросари ҷаҳонро ба бор хоҳад овард”.
342/
Your Comment