29 Апрел 2025 - 18:49
Source: ABNA
Ҳимояти Қатар ва Бритониё аз музокироти Эрон ва Амрико

Қатар ва Бритониё бо нашри баёнияи муштарак аз музокироти ғайримустақими ахир миёни Эрон ва Амрико ҳимоят карданд.

Ба гузориши хабаргузории Абна, кишварҳои Қатар ва Бритониё имрӯз сешанбе бо нашри баёнияе эълон карданд: “Мо хоҳони бозгашти фаврии оташбас ва барқарории фазои сиёсии мусоид барои ташкили кишвари Фаластин ҳастем.”

Дар баёнияи муштараки содиршуда аз сӯи Қатар ва Бритониё омадааст: “Дар робита бо фаъолиятҳои муштарак барои пешниҳоди кӯмакҳои башардӯстона ва ҳимоят аз талошҳои марбут ба бозсозӣ дар Сурия иттифоқи назар дорем.”

Дар бахши дигари баёнияи муштараки мазкур илова шудааст: “Аз раванди музокирот (ғайримустақим) миёни Эрон ва Амрико ҳимоят мекунем. Ҳамчунин бар зарурати ҳамкорӣ пиромуни ҳалли низоъ дар Судон таъкид дорем. Бар аҳамияти талошҳои дипломатӣ барои дастёбӣ ба роҳи ҳалли мусолиматомез ба хотири поён додан ба даргириҳо миёни Русия ва Украина таъкид мекунем.”

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha