Ба гузориши ИКНА, стандартҳои дугонаи кишварҳои ғарбӣ дар мавриди ҳуқуқи башар ва озодии баён ҳамеша баҳсбарангез будааст. Яке аз намунаҳои барҷастаи ин дурӯягӣ, озодӣ дар таҳқири муқаддасоти мусалмонон ва ҳамзамон манъ кардани ҳатто камтарин интиқод аз режими саҳюнистӣ бо баҳонаи зиддияҳудӣ (антисемитизм) аст.
Шабакаи Ал-Ҷазира дар мақолае ба қалами Надҷло Маҳфуз дар ин маврид навиштааст: Дар солҳои охир таҳқири Қуръони Карим бо ҳимоят, тавҷеҳ ва ситоиши сиёсатмадорони ғарбӣ, ки ҳамеша шиори озодии ақида мезананд, такрор шудааст. Ҳамин сиёсатмадоронанд, ки вақте бо падидае рӯбарӯ мешаванд, ки онро "зидди яҳудӣ" меноманд, садои эътирозашон ҷаҳониёнро кар мекунад.
Чизи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки бархе афрод қасдан фурсатҳои мазҳабии мусалмононро барои таҳқири Қуръон интихоб мекунанд — монанди моҳи Рамазон, идҳои мусалмонӣ ва Ҳаҷ. Ба унвони мисол, шахсе дар рӯзи иди Қурбон дар соли 2023 Қуръонро дар назди масҷиде дар Шветсия сӯзонд ё Ҳейрт Вилдерс, сиёсатмадори ифротгарои голландӣ, дар моҳи Рамазон дар Твиттер наворе нашр кард бо унвони: «Не ба Ислом, не ба Рамазон, не ба озодӣ барои дини Ислом.»
Ҳар боре, ки Қуръон сӯзонда мешавад ва ба Паёмбар (с) таҳқир раво медошта мешавад, расонаҳои ғарбӣ сару садо ба роҳ меандозанд, аммо ба ҷои маҳкум кардани омилони таҳқир, мусалмонони хашмгинро мавриди ҳамла қарор медиҳанд ва ононро душмани озодӣ мехонанд!
Мепурсем: Ин ҳама "маломат" алайҳи дини Ислом барои чист?
Аврупоиён худро аз ҷаҳон ҷудо медонанд
Таҳқири қасдии эътиқодоти мусалмонон танҳо ба сӯзонидани пайвастаи китоби муқаддасашон маҳдуд намешавад. Дар соли 2012 филме таҳқиромез алайҳи Паёмбар бо унвони Бегуноҳии мусалмонон (Innocence of Muslims) сохта шуд. Аз сӯи дигар, маҷаллаи фаронсавии Шарли Эбдо борҳо карикатураҳои таҳқиромез алайҳи Ислом ва Паёмбар (с)-ро мунташир кард ва эътирозҳои густурдаи мусалмононро сарфи назар намуд. Ҳамчунин, раисҷумҳури Фаронса аз маҳкум кардани ин амал худдорӣ кард ва онро "озодии ақида" номид.
Ғарб ва Амрико бо вуҷуди иттифоқи мусалмонон дар маҳкум кардани таҳқири Қуръон, ҷилави маҳкумияти ин амалро аз сӯи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал гирифтанд.
Бархе коршиносон бар инанд, ки ташвиқ ба Қуръонсӯзӣ ҳадафи сиёсӣ дорад — ҷудо сохтани мусалмонон аз дигар адён. Давлати Шветсия иҷозаи сӯзонидани Тавротро надодааст, аммо борҳо ба афроде иҷозаи сӯзонидани Қуръонро дода ва онҳоро муҳофизат кардааст.
Мартин Шултер, профессори ҳуқуқи гражданӣ дар донишгоҳи Стокҳолми Шветсия навиштааст: "Муҷрим хондани мусалмонон ҷиноят аст, аммо сӯзонидани Қуръони Карим тибқи қонун ҳамла ба мусалмонон нест, балки ҳамла ба дини Ислом аст."
Қонун сӯзонидани Қуръонро ҷиноят намешуморад, зеро ба гуфтаи онҳо ҳадафи он ҳамла ба як гурӯҳи хос нест! Ва ин, ба гуфтаи қонунҳои Шветсия, як бартарӣ аст, на нуқсон!
Аз тарафи дигар, Расмус Палудан, сиёсатмадори ифротгарои даниягӣ аз соли 2017 то кунун чандин маротиба даст ба Қуръонсӯзӣ задааст. Нозирон бар инанд, ки ҳадафи ӯ касби маъруфият ва бурд дар интихобот аст, ва дар айни замон, аз ҳаққи озодии баён барои таблиғи нафрат ва манофеи сиёсӣ сӯистифода мекунад. Масъала танҳо ифротгароён нестанд, балки мушкили асосӣ, афзоиши шумораи афродест, ки дар Аврупо ва Амрико ба ин ҷараёнҳои сиёсӣ раъй медиҳанд.
Бешак, ҳар чӣ инсон пешрафтаву мутамаддинтар ва инсонитар бошад, ба эътиқодоти дигарон бештар эҳтиром мегузорад, ба муқаддасот ва рамзҳои онҳо таҳқир раво намедорад ва ба ҳеҷ ваҷҳ — на ошкоро ва на ниҳонӣ — эътиқоди дигаронро таҳқир намекунад.
342/
Your Comment