16 Март 2025 - 18:17
Source: Parstoday
Иттиҳоди Аврупо ба дунболи истеъмори Украина / Ҳушдори Ироқчӣ ба Вашингтон

Виктор Орбан дар суханронии ахири худ дубора ба нақди нигариши Аврупо дар қиболи Украина пардохт.

Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон рӯзи шанбе зимни мухолифати кишвараш бо пазириши аҷулонаи Украина дар Иттиҳоди Аврупо эълом кард, ки ин иттиҳодия бо доман задан ба ҷанг дар садади истеъмори Украина аст.

Ба гузориши Порс Тудей, Виктор Орбан гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо намехоҳанд ба Украина кумак кунад, балкӣ ба дунболи истеъмори он аст ва ба ҳамин манзур Киевро ба идомаи ҷанг бо Русия ташвиқ мекунад.

Нахуствазири Канада дастури бознигарӣ дар қарордоди хариди ҷангандаҳои F-35 Амрикоро содир кард

Марк Карни, нахуствазири ҷадиди Канада дастури бознигарии қарордоди ин кишвар бо ширкати имрикоии "Lockheed Martin" барои таъмини ҷетҳои ҷангандаи f-35-ро содир кард. Пас аз он ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар авоили моҳи милодии ҷорӣ тарофаи гумрукӣ бар воридоти маҳсӯл аз Канадаро вазъ кард, даври ҷадиде аз муноқишот байни ду кишвар шакл гирифтааст.

Ҳушдори Ироқчӣ ба Амрико

 Саидаббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бомдоди имрӯз (якшанбе) дар паёме таъкид кард, ки давлати Иёлоти муттаҳида ҳеҷ ҳаққе барои дикта кардан ба сиёсати хориҷии Эрон надорад. Ироқчӣ дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: “Давлати Иёлоти муттаҳида ҳеҷ ҳаққе барои дикта кардан ба сиёсати хориҷии Эрон надорад. Он даврон дар соли 1357 ба поён расид. Соли гузашта Байденро барои пардохти рақами бесобиқаи 23 миллиард доллар ба як режими наслкуш иғфол карданд. Беш аз 60 ҳазор фаластинӣ кушта шуданду ҷаҳон Амрикоро комилан масъул медонад. Ба ҳимоят аз наслкушӣ ва терроризми Исроил поён диҳед. Куштори мардуми Яманро мутаваққиф кунед.”

Афзоиши шумори шуҳадои ҷанги Ғазза

Вазорати беҳдошти Фаластин аз афзоиши шумори шуҳадои ҷанг алайҳи Ғазза ба 48543 нафари хабар дод. Вазорати беҳдошти Фаластин рӯзи шанбе эълом кард, ки пайкари 12 шаҳид ба тозагӣ аз зери овор хориҷ шуда ва 7 нафар низ дар ҳамалоти 48 соати гузаштаи артиши Исроил ба шаҳодати расиданд ва 26 нафар низ захмӣ шудаанд.

Вазири хориҷаи Ҳинд: Равобити амиқи Теҳрон - Деҳлии Нав бар пайвандҳои таърихӣ устувор аст

Субраманям Ҷайшанкар, вазири хориҷаи Ҳинд дар посух ба паёми  Саидаббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати 75-умин солгарди равобити Эрону Ҳинд, гуфт: Равобити амиқи Теҳрон - Деҳлии Нав бар пайвандҳои тарихӣ устувор аст. Вай дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: Равобити амиқи мо бар пайвандҳои таърихӣ устувор аст. Итминон дорам, ки ҳамкориҳои мо дар оянда ҳамчунон густариш хоҳад ёфт.

Your Comment

You are replying to: .
captcha