Дар ҳафтаи гузашта оини ёдбуди ҳаштодумин солгарди бомбаборони Токио тавассути Амрико дар ҷараёни Ҷанги ҷаҳонии дувум бо ҳузур ду тан аз аъзои хонаводаи Импротури Ҷопон, фармондори Токио ва бархе аз бозмондагони ин воқеа дар минтақаи sumida ward дар шаҳри Токио, ки боқимондаҳои бисёре аз қурбониёни ин бомбаборони ҳавоииро дар худ ҷой додааст, баргузор шуд.
Ба гузориши Порстудӣ, дар соъатҳои аввали бомдоди 10 марти 1945 бомбафканҳои б-29 (b-29)-и Амрико бомбаҳои оташзоро бар рӯйи шаҳри Токио ва дар пурҷамъияттарин нуқтаи он фурӯ рехтанд. Дар ин ҳамлаи Амрико ҳудуди 270 ҳазор воҳиди маскунӣ тӯъмаи оташ шуд ва камаш сад ҳазор нафар кушта шуданд, аммо омори дақиқи қурбониёни ин ҳамлаи ваҳшиёна ҳамчунон номаълум боқӣ мондааст.
Албатта бомбаборони Токио, танҳо бомбаборони Ҷопон тавассути Амрико набуд ва шаҳрҳои Хирасима ва Нагасаки ҳам ҳадафи ҳамалоти Амрико қарор гирифтанд.
Дар ин матлаб 3 рухдоди дардноки вобаста ба ҷиноёти Амрико дар Ҷопон мавриди ишора қарор гирифтаанд:
1. Дар сифру аз миллион як сония, ҳарорати чандмиллион дараҷа, ҳамаро ба бухор табдил кард
Дар ҳамлаи Амрико ба Хирасима дар нахустин сифру аз миллион як сония энергияи ҳароратӣ дар фазо озод шуда, дар масоҳате ба шуоъи яку ним километр ба гулӯлаи оташ мубаддал шуд ва ҳарорати муодили чанд миллион дараҷа барое чанд сония бар фарози Хирасима осмонро ба оташ кашид. Дар замин ҳангоми расидани гармо, дараҷаи ҳарорати чандин ҳазор дараҷа буд. Дар шуоъи яку ним километрӣ ногаҳон ҳама чиз бухор шуд ва ба хокистар табдил шуданд.Дар масоҳати 4 километрӣ биноҳо ва инсонҳо ногаҳон оташ гирифтанд. Пас аз ҳарорат навбати мавҷи таркиш буд, ки таъсири вайронгари худро нишон диҳад; ба далели озод шудани газҳои бисёр гарм, мавҷи таркиш бо суръати 1000 километр дар соат мушобеҳи як девори яхини ҳаво буд, ки дар шуоъи 2 километр ҳама чизро ба ғубор табдил кард. Бар асоси омори расмӣ ҳудуди 70 ҳазор нафар дар ҳамон лаҳза сухта ва ҷон доданд ва даҳҳо ҳазор нафар ҳам дучори ҷарроҳот ва сӯхтагии шадид гардида, ки пас аз ранҷи бисёр ва тайи рӯзҳо ва ҳатто солҳои баъд ба тарзи фоҷеъаомез ҷон бохтанд.
2. Тағйирот ва ноҳинҷориҳои генетикӣ
Пас аз бомбаборони атомӣ 70 ҳазор навзод дар Хирасима ва Нагасаки мавриди муоина қарор гирифтанд. Дар Нагасаки байн 500 то 800 навзод дар хонаҳои худ муоина шуданд. Дар он замон ҳеҷ нишонае аз осебҳои генетикӣ мушоҳида нашуд, аммо дар соли 2008 мутолиоти наве бар рӯйи бозмондагон ва фарзандони онҳо сурат гирифт, ки тағйирот ва ноҳинҷориҳои генетикии қатъии DNI-ро нишон медиҳад. Ин мутолиот аз равишҳои навтаре барои ташхиси осебҳои DNI истифода карданд.
3. Сояҳои Хирасима
Gас аз таркишҳо дар Хирасима сояҳои тарсноки мардум, дучархаҳо ва ашё дар хиёбонҳо ҳак шуд, ки акнун ба «сояҳои Хирасима » маъруф ҳастанд. Бархе бар ин боваранд, ки шиддати бомб сояҳоро дар замин сӯзонд. Бо ин ҳол илм нишон медиҳад, ки ин нишонаҳо пеш аз бомбаборон дар хиёбонҳо вуҷуд дошт ва бомбаҳои даҳшатнок бо қудрати худ ранги манотиқи атрофро аз байн бурд ва чизе шабеҳи сояҳои инсонҳои ваҳшатзада ба вуҷуд овард.
/342
Your Comment