Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид бо баёни инки ду тараф ( Русия - Украина ) ҳануз тасмимашон бар идомаи додани даргириҳо аст, афзуд : Наметавон дар ояндаи наздики як роҳкори сулҳомез барои поёни ҷанг мутасаввир буд.
Изҳороти Гутерриш дар ҳоле аст, ки вебгоҳи шабакаи хабарии Рашатодей навишт : Украина дар моҳҳои гузашта дар ростои талош барои шикастани хутути дифоии Русия 66 ҳазор неру ва 7600 таҷҳизоти сангини низомиро ба кор гирифтааст .
Дар ҳамин ҳол Вазорати дифои Русия рӯзи ҷумъа эълом кард ҳаддиақал 21 амалиёти таҳоҷумии низомиёни украинӣ ба мавозиъи неруҳои Русия таи як рӯз дафъ шуданд.
342/