Асри якшанбе як террористи мусаллаҳ аз дарби Бобулмаҳди ҳарами ҳазрати Шоҳчароғ қасди вуруд ба ҳарамро дошта аст, ки бо муқовимати неруҳои ҳифозати аз ҳарам ру ба ру шуд.
Дар ин ҳодиса то кунун як нафар шаҳид ва 8 нафар маҷруҳ шуданд, ки ҳамаи онҳо ба марокизи дармонӣ мунтақил ва таҳти мудовор қарор доранд.
Гуруҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳамлаи террористиро бар уҳда гирифта аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусейн Амирабдуллоҳиён бо баёни ин ки оқибати дардноки дар интизори омилон, омирон ва пуштибонони ин ҷиноят хоҳад буд, зимни таслияти шаҳодати яке аз ҳамватанон аз Худованди Мутаъол саломати ва беҳбуди маҷруҳони ин ҳодисаи талхро масъалат кард.
342/