Ба гузориши ИРНА, генерал-майор Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи якшанбе дар дидор бо Муҳаммад Собит Саид Ал Аббосӣ, вазири дифои Ироқ дар ин дидор бо таъкид бар инки кишвари Ироқ авлавияти болоеро дар сиёсатҳои хориҷӣ ва дифоии Ҷумҳурии исломӣ дорад, гуфт, нигоҳу мавозеъи давлат, миллату марҷаъият нисбат ба мавзӯъоти муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ бисёр ҳоизи аҳаммият мебошад, ки мисдоқи онро дар мавозеъи бисёр наздики ду кишвар дар мавриди ҷанги Ғазза ва мавзӯи Фаластин метавон мушоҳида кард.Вай бо таъкид бар инки шароити ду кишвар ва минтақа, аҳаммияту зарурати равобит ва ҳамкориҳои дифоии амниятӣ байни ду кишварро музоъаф мекунад, афзуд, муътақидем ҳамкориҳо байни неруҳои мусаллаҳи Эрону Ироқ бо вуҷӯди заминаҳо ва зарфиятҳои фаровон ҳамчунон бо нуқтаи матлӯб фосила дорад ва ҳар ду кишвар метавонанд аз фаъолсозии ин зарфиятҳо баҳра гиранд.
Вазири дифои Ироқ низ дар ин дидор бо ишора ба тавонмадиҳои дифоии Эрон гуфт, дар сафар ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ва боздид аз тавонмандӣ ва таҷҳизоти дифоӣ, шоҳиди рушди фазояндаи саноати дифоии Эрон будам.
342/