AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Шанбе

2 Декабр 2023

09:28:39
1416625

Тоҷикистон : Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар таъмини амнияти марзҳои муштарак бо Афғонистон кумак кунад

Муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои вазирони хориҷаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо гуфт: Умедворем аъзои ин созмон ба таъмини амнияти бештар дар марзҳои муштараки мо ва Афғонистон кумак кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Содиқ Имомӣ-муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои вазирони хориҷаи Созмон амният ва ҳамкории Аврупо дар  Скопия изҳор дошт: Вазъияти низомӣ-сиёсии Афғонистон бар амнияти Осиёи марказӣ таъсир мегузорд.

  Вай афзуд: Дар манотиқи шимолии Афғонистон фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ, қочоқи ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир вуҷуд дорад; бинобарин ин чолишҳо дар ояндаи наздик мумкин аст ба манбаъи аслии нигаронӣ дар минтақаи кишварҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо табдил шавад.

 Муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин тасреҳ кард, ки кишвараш ҳифозат аз марзҳои муштарак бо Афғонистон ва афзоиши тавони мудирияти марзро дар авлавият қарор хоҳад дод.

 Имомӣ хотирнишон кард, ки дар панҷ соли гузашта Тоҷикистон бо ҳамкориии Созмони Миллал, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо, маҷмӯае аз конфронсҳои байналамиллалиро баргузор карда ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба раванди зидди терроризми Душанбе ҷалб кардааст.

 Вай гуфт: Мо интизор дорем, ки раванди Тоҷикистон ҳамчунон ба як заминаи  муҳим барои гуфтугӯ ва табодули таҷриба барои ҳамаи тарафҳо табдил шавад.

342/