AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Панҷшанбе

16 Ноябр 2023

14:46:45
1412253

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Русия сафар мекунад

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи оянда дар чорчуби як сафар расмӣ ба Русия сафар мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 21-22 ноябри имсол дар чорчуби як сафари расмӣ ба Русия сафар мекунад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс,Абдулфаттоҳ Шарифзода- сухангӯи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб гуфт, ки дар чорчуби ин сафар музокироти дуҷониба ва васеъи сарони ду кишвар ва имзои бастае аз санадҳо дар поёни он, барномарезӣ шудааст.

 Пеш аз ин раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи маи соли ҷорӣ ба манзури ширкат дар режаи низомӣ ба муносибати пирӯзӣ дар Ҷанги ҷаҳонии дувум ба Русия сафар карда буд.

 Раисони ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлоси сарони кишварҳои ИДМ, ки 13 октябри имсол дар Бишкек баргузор шуда буд, бо якдигар дидор карданд.

 Он замон раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд Русия шарики муҳимми роҳбурдии кишвараш аст ва таомул байни ду кишвар дар тамоми заминаҳо аз пӯёии мусбат бархурдор аст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин дар ҳамоиши «Русия ва Осиёи марказӣ» , ки дар Остонаи Қазоқистон баргузор шуда буд, аз Москва хост то бо кишварҳои Осиёи марказӣ ба унвони кишварҳои Шӯравии собиқ рафтор накунад.

 Эмомалӣ Раҳмон то кунун ба унвони раиси ҷумҳур Тоҷикистон беш аз 80 бор ба Русия сафар кардааст.

342/