AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Чоршанбе

15 Ноябр 2023

20:32:24
1411984

Нерӯҳои ишғолгари саҳюнистӣ ба дохили бемористони «Шифо» ҳамла карданд

Ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза ва мардуми мазлӯми Фаластин ба бадтарин шакли мумкин идома дорад ва ҳамалоти нерӯҳои ишғолгари саҳюнистӣ ба дохили роҳравҳои бемористони «Шифо» кашида шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, дар идомаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми мазлӯм ва бедифои Ғазза, нерӯҳои ин режими кӯдаккуш ба дохили бемористони Аш Шифо ҳамла карданд.

Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ дар тамос бо СНН муддаӣ шуд, ки ҳамалоти ин режим дар муҷтамаи “Шифо”, Ҳамосро ҳадаф қарор медиҳад ва ба эҳтимоли зиёди теъдоди гаравгон дар онҷо пайдо мешавад. Ин дар ҳоле аст, ки ҳеҷ нерӯи низомии фаластинӣ дар бемористон ҳузур надоштааст.

Дар ҳамин робита вазорати беҳдошти Ғазза эълом кард, даҳҳо сарбози саҳюнистӣ вориди сохтумони уржонс(ёрии таъҷилӣ)-ии муҷтамаи Шифо шудаанд ва танкҳои ишғолгар дар муҳавватаи муҷтамаи пизишкӣ ҳузур доранд.


342/