AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Душанбе

6 Ноябр 2023

16:54:44
1409224

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Парки Миллии Душанбе

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе бо вазъияти парвариши ниҳол дар Парки Миллӣ ошно шуданд ва аз намоишгоҳи он боздид карданд.

Ба гузориши “Спутник”, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Парки Миллӣ аз ниҳолҳои дарахтони зинатӣ, ки барои беҳсозии хиёбонҳо, кӯчаҳову паркҳои Душанбе истифода мешавад, боздид кард. Дарахтони Парки Миллӣ барои корҳои илмӣ, таҳқиқотӣ, таҷрибӣ ва ҳамчунин ба манзури созгорӣ бо шароити иқлимӣ кошта шудааст. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоишгоҳи анвои дарахтони сояафкан, мевадиҳанда ва ороишӣ боздид кард. Президентро Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ҳамроҳӣ мекард. Эмомалӣ Раҳмон ба раисон ва масъулони вазоратхонаҳову идороти зирабт ва ҳамчунин паркҳо дастур дод то садҳо миллион бех ниҳолро барои муҳавватасозӣ ба манзури беҳбуди муҳити зист парвариш диҳанд.

342/