AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Чоршанбе

4 Октябр 2023

19:18:20
1397970

Адабиёти муқовимат - адабиёти муштарак байни Эрон ва Русия аст

Сафири Русия дар Тоҷикистон дар боздид аз Намоишгоҳи китоби Тоҷикистон гуфт, адабиёти муқовимату пойдорӣ, адабиёти муштарак байни мост ва метавонем дар масоилу барномаҳои мухталифи муртабит бо мавзӯи таърих, фарҳанг ва адабиёти фолклор бо ҳам мушорикат дошта бошем.

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон, Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон ва Муҳиддин Панҷшанбезода, мушовири раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни боздид аз ғурфаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар ёздаҳумини Намоишгоҳи байналмилалии китоби Тоҷикистон, бо нависандагону шоирони эронии ҳозир дар ин ғурфа гуфтугӯ карданд.

Дар ин боздид Семён Григорев бо баёни ин ки барномаҳои фарҳангии муштарак байни Эрону Русия дар Эрон ва Русияву Тоҷикистон баргузор шавад, гуфт: Адабиёти муқовимату пойдорӣ - адабиёти муштарак байни мост ва метавонем дар масоилу барномаҳои мухталифи муртабит бо мавзӯи таърих, фарҳангу адабиёти фолклор бо ҳам мушорикат дошта бошем. Дӯст дорам адабиёту нашри Эронро бештар бишносам ва дар бораи он бештар бидонам.Дар идома, Давлат Сафар аз ҳузури Ҷумҳурии исломии Эрон ва хонаи китобу адабиёти Эрон дар ин давра аз Намоишгоҳи байналмилалии китоби Тоҷикистон ташаккур карду афзуд: Боздидкунандагони намоишгоҳ метавонанд бо адабиёти форсӣ ва куҳан, санъати нашри Эрон, шоирону нависандагони эронӣ дар ғурфаи Эрон ошно аванд.

Муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон бо ишора ба меҳмони вижа будани ин кишвар дар сивучаҳорумин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон баён кард: Муҷаддадан аз меҳмоннавозии эрониён дар айёми баргузории намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон ташаккур мекунам. Талош мекунем барномаҳои Эрон дар намоишгоҳи китоби ёздаҳуми Тоҷикистон дар расонаҳои мухталиф мунъакис шавад ва ҳамчунин донишҷӯён, донишомӯзон ва марокизи омӯзиши олии кишвари худро барои ошноӣ бо китобҳои арзашуда дар ғурфаи Эрон ва боздид аз он даъват кунем.

Алиризо Ҳақиқиён низ дар ин боздид зимни муаррифии нависандагону ноширони китобҳои арзашуда дар ин намоишгоҳ бар ҳамгироӣ ва наздикии ҳарчӣ бештари фарҳангу адабиёти форсии ду кишвари Эрону Тоҷикистон таъкид кард.

Ёздаҳумин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Тоҷикистон бо ҳузури ҳашт кишвари хориҷӣ ва мушорикати 50 ношир аз кишварҳои мухталиф, аз ёздаҳум то сездаҳуми меҳрмоҳи 1402 баргузор мешавад ва Русия меҳмони вижаи ин давра аз намоишгоҳ аст.