AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Шанбе

30 Сентябр 2023

20:00:04
1396951

Ибрози нигаронии Русия нисбат ба мудохилаи фароминтақаӣ дар Афғонистон

Сергей Лавров, вазири умӯри хориҷаи Русия, дар паёме ба нишасти «Формати Маскав», нисбат ба мудохилаи фароминтақаӣ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард.

Лавров рӯзи ҷумъа дар ин паём гуфт, мо нигарон ҳастем, ки бозигарони фароминтақаӣ дар талош ҳастанд то бештар дар Афғонистон фаъол шаванд.

Вазири умури хориҷа Русия гуфт, иттиҳоди комили кишварҳои минтақа бо кишварҳои узви НАТО дар Афғонистон танҳо дар сӯрате мумкин аст, ки ин кишварҳо масъуляти комили натоиҷи шуми ҳузури низомии 20 солаи худ дар Афғонистонро бипазиранд.

Лавров ёдовар шуд, кишварҳои ғарбӣ, ки садамоти ҷуброннопазиреро ба мардуми Афғонистон ворид кардаанд, бояд бори аслии бозсозии ин кишвар пас аз ҷангро ба дӯш бикашанд.

Дипломати аршади рус изофа кард, дар ин росто, мусдуд кардани дороиҳои бонкҳои Афғонистон аз сӯе шароити зиндагиро, ки аз қабл ҳам барои мардуми одии Афғонистон душвор буд, печида мекунад.

Вазири хориҷаи Русия таъкид кард, дар ҳар шароите бозгашти зербиноҳои низомии Амрико ва НАТО ба хоки Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи онро ғайриқобили қабул медонем, сарфи назар аз ин ки ба чӣ баҳонае қобили тавҷеҳ бошад.


342/