11 Март 2026 - 15:19
Source: ABNA
Нафтали Беннет: бо Туркия ҷанг оғо мекунем

Сарвазири собиқи режими сиёнист гуфт: агар Туркия кӯшиш кунад ки иттиҳоди исломӣ ташкил кунад, эҳтимолан «Исроил» пас аз Эрон маҷбур мешавад, ки ҷангеро зидди Туркия оғоз кунад.

Бар гузориши хабаргузории «Абна» ба иқтибос аз «Ал-Нашра», Нафтали Бенетт, сарвазири собиқи режими сиёнист, имрӯз чоршанбе дар изҳороти душманона зидди Анқара, ки аз дахолатҳои низомии ин режим сарчашша мегирад, гуфт: агар Туркия кӯшиш кунад ки иттиҳоди исломӣ ташкил кунад, эҳтимолан «Исроил» пас аз Эрон маҷбур мешавад, ки ҷангеро зидди Туркия оғоз кунад.
Ӯ дар идома даъво кард: ҳар гуна иттиҳоди исломӣ «ба таври худкор амали террористӣ» ва таҳдид барои Исроил ҳисоб мешавад ва мо ҳеҷ гоҳ бефарқ намемонем.
Сарвазири собиқи режими сиёнист пештар низ дар бораи кӯшишҳои Туркия дар бораи он чӣ ки ӯ таҳрики Арабистони Саудӣ зидди ин режим ва ташкили як меҳвари суннии «муҳорибӣ», ки Покистони ҳастаиро дар бар мегирад, номида буд, ҳушдор дода ва таъкид карда буд, ки ҳадафи Туркия, «эҷоди як шабакаи иттиҳодӣ» аст, ки амнияти ин режимро дар хатар мегузорад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha