Бар гузориши хабаргузории «Абна» бо иқтибос аз «Ал-Фурот Ньюс», дафтари Аётуллоҳи Узма Систонӣ дар баёнияе эълон кард: Таҷовузи низомӣ ба заминҳои Эрон аз чанд рӯз то ҳол идома дорад ва боиси шаҳодати шумори зиёди шаҳрвандон, аз ҷумла шуморе аз муҳофизони қаҳрамони кишварашон ва даҳҳо кӯдак ва аҳолии бегунаҳ шудааст. Дафтари марҷиъи олии динӣ иброз дошт: Доми амалиётҳои низомии ҳарҷониба васеъ шуда ва кишварҳои дигарро дар бар гирифтааст, ба тавре ки бисёре аз минтақаҳо ва тасисотҳои кишварҳои дигар дар манзараҳое, ки муддати тӯлонӣ дар минтақа мушоҳида нашуда буданд, осеб дидаанд.
Дафтари Аётуллоҳи Узма Систонӣ эълон кард: Қароргирии якҷониба дур аз Шӯрои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳид барои ҷанги фарогир алайҳи як кишвари дигари аъзои Созмон бо ҳадафи татбиқи шартҳои муайян ё сарнагунии низоми сиёсии он ғайр аз мухолифат бо оинномаҳои байналмилалӣ, тадбири хатарноке аст, ки нисбат ба натиҷаҳои бади дар сатҳҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳушдор медиҳад, балки интизор меравад, ки боиси ошӯби фарогир ва нооромиҳои васеъ дар муддати тӯлонӣ гардад, ки боиси даргиршавӣ барои миллатҳои минтақа ва инчунин минтақаҳои дигар хоҳад шуд. Дар баёнияи дафтари Аётуллоҳи Узма Систонӣ омадааст: Марҷъияти олии динӣ ҳамроҳ бо маҳкум кардани шадиди ин ҷанги зулматгарона ва дархост аз ҳама мусалмонон ва озодандагони ҷаҳон барои маҳкум кардани он ва ҳамдарди бо миллати мазлуми Эрон, аз ҳама тарафҳои байналмилалии муассир ва кишварҳои ҷаҳон, хусусан кишварҳои исломӣ, хостори кӯшиши ҳадди аксар барои таваққуфи фаврии ҷанг ва эҷоди ҳалли сулҳомези одилона барои парвандаи ҳастаии Эрон дар асоси қонунҳои байналмилалӣ шуд.
Your Comment