Ба гузориши хабаргузории Меҳр ба нақл аз Маон, тақрибан 50 ҳазор фаластинӣ шаби гузашта дар Масҷидул-Ақсо ба барпо кардани намоз пардохтанд. Ин дар ҳолест, ки режими сионистӣ маҳдудиятҳои амниятии худро барои монеат аз ҳузури намозгузорони фаластинӣ дар ин макони муқаддас ташдид кардааст.
Ҳамчунин гузориш шудааст, ки низомиёни сионист иқдомоти худро дар шаҳри Қудс ва атрофи он, ба вижа дар вурудиҳои Масҷидул-Ақсо барои кам кардани шумори намозгузорони фаластинӣ афзоиш додаанд.
Қобили зикр аст, ки ишғолгарони сионист монеъ аз ҳузури сокинони соҳили Ғарбӣ дар Масҷидул-Ақсо мешаванд ва ҳазорон нафар аз онҳоро аз истгоҳи бозрасии Қаландия воқеъ дар шимоли Қудси ишғолӣ бозмегардонанд.
Your Comment