22 Феврал 2026 - 11:33
Source: ABNA
Ҳамлаҳои ҳавоии артиши Покистон ба Афғонистон

Дақоиқе пеш ҷанговарҳои артиши Покистон ба чанд ҳадаф дар вилоятҳои Пактико ва Нангарҳори Афғонистон ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом доданд.

Ба гузориши Хадамоти иттилоотии байналмилалии Аҳли Байт (А) - АБНА - дақоиқе пеш, чанд фарванди покистонӣ ба нуқоте дар вилоятҳои Пактико ва Нангарҳори Афғонистон ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом доданд.

Ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ, ин ҳамлаҳо ибтидо ба як мадрасаи динӣ дар шаҳристонҳои Бармал ва Аргуни вилояти Пактико сурат гирифт.

Манобеъ ба расонаҳо мегӯянд, ки артиши Покистон пас аз Пактико, бар шаҳристони Хоғёнии вилояти Нангарҳор низ ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додааст.

То кунун ҷузъиёте дар бораи талафот ва хасороти эҳтимолии ин ҳамлаҳо мунташир нашудааст.

Баъзе манобеъ аз оғози таҳрикоте аз сӯи нерӯҳои Толибон дар посух ба ин ҳамлаҳо дар марзи Покистон хабар медиҳанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha