21 Феврал 2026 - 11:37
Source: ABNA
Бритониё истифода аз пойгоҳҳояш барои ҳамла ба Эронро рад кард

Ҳукумати Бритониё ба Амрико эълом кардааст, ки иҷозати истифода аз пойгоҳҳои низомии худро барои ҳамла ба Эрон нахоҳад дод.

Ба гузориши Хабарагузории Байналмилалии Аҳли Байт (АБНА) - Ҳукумати Бритониё ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иттилоъ додааст, ки иҷозати истифода аз пойгоҳҳои низомии худро барои ҳамла ба Эрон намедиҳад, зеро нигарони вайронкунии қонунҳои байналмилалӣ аст.

Рӯзномаи «Таймз»-и Бритониё гузориш дод, ки «Кир Стармер» нахуствазири Бритониё бо дархости «Доналд Трамп» раисҷумҳури Амрико барои истифода аз пойгоҳҳои бритониёӣ барои иҷрои ҳамлаҳои эҳтимолӣ алайҳи Эрон мухолифат карда ва онро амале медонад, ки метавонад вайронкунии қонунҳои байналмилалӣ, талаққӣ шавад ва Лондон омода ба ширкат дар он нест.

Манобеъи давлатии Бритониё ба ин рӯзнома гуфтаанд, ки Бритониё ба эҳтимоли зиёд ҳеҷ ҳамлаи низомии пешдастонае алайҳи Эронро тасдиқ нахоҳад кард, пас аз он ки пештар низ дар ҳамлаи Трамп ба таъсисоти ҳастаии Эрон дар ҷанги 12-рӯза ширкат накарда буд.

Ин манобеъ илова карданд, ки машваратчиёни ҳуқуқии ҳукумати Бритониё нигаронанд, ки ширкат дар ҳамлаҳои пешдастонаи Амрико метавонад ғайриқонунӣ бошад ва Бритониё тавонад масъулияти ҳар ҳамлаи ғайриқонуниро тибқи қатъномае, ки дар соли 2001 мелӣ аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид содир шудааст, мутаҳаммил шавад, агар огоҳ бошад, ки ин амал аз лиҳози байналмилалӣ ғайриқонунӣ аст.

Рӯзномаи Таймз инчунин тавзеҳ дод, ки ихтилофи асосии байни ду тараф дар ин мавзӯи хос, қарори Трамп барои ақибнишинӣ аз ҳимояти худ аз созиши ҷазираҳои Чагос буд, ки пойгоҳи Диего Гарсия дар он ҷойгир аст. Ин пойгоҳ ба таври муштарак тавассути Амрико ва Бритониё истифода мешавад ва нақши калидӣ дар амалиётҳои низомии Амрико дар Ховари Миёна ва Уқёнуси Ҳинд дорад.

Пас аз ҳамлаҳои Трамп ба Эрон дар ҷанги 12-рӯза, вазирони ҳукумати Бритониё борҳо аз изҳори назар дар бораи ин ки оё вуколои ин ҳукумат он ҳамлаҳоро мутобиқи қонунҳои байналмилалӣ медонанд ё не, худдорӣ карданд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha