Ба гузориши Хабарагузории Байналмилалии Аҳли Байт (АБНА) - Изҳороти ҷанҷолии "Майк Ҳаккобӣ", сафири Амрико дар сарзаминҳои ишғолӣ, дар гуфтугӯ бо барномасози амрикоӣ "Такер Карлсон", мавҷи вокунишҳо ва интиқодҳоро барангехт.
Ӯ дар ин мусоҳиба бо истинод ба матнҳои "Сафари пайдоиш" дар Таврот, иддао кард, ки Исроил дорои «ҳаққи тавротӣ» барои тасарруфи сарзамине аз «Нил то Фрот» аст. Карлсон аз Ҳаккобӣ пурсид: Оё ин ба маънии ҳаққи илоҳӣ барои тасарруфи Исроил бар минтақаҳои васеъе, ки Фаластин ва қисматҳое аз кишварҳои араб чун Урдун, Сурия, Лубнон, Ироқ, Арабистон ва Мисрро дар бар мегирад, аст?
Ҳаккобӣ дар посух гуфт: «Агар бихоҳанд ҳамаашро бигиранд, монеъе надорад», вале фавран илова кард: «Албатта, ин мавзӯъе нест, ки имрӯз дар бораи он суҳбат мекунем.»
Ҳаккобӣ, ки пештар волии иёлати Арканзас ва аз чеҳраҳои барҷастаи ҷараёни инҷилии саҳюнистӣ ҳомии Исроил аст, бо суханони худ бори дигар гуфтори «аз Нил то Фрот»-ро ба садри баҳсҳои сиёсӣ ва расонаӣ бозгардонд; гуфторе, ки бар асоси тафсирҳои динии хоссе аз матнҳои Таврот шакл гирифта ва ҳамеша мавриди интиқоди маҳофили ҳуқуқӣ ва сиёсии байналмилалӣ будааст.
Ӯ аз амалиёти низомии Исроил дар Ғазза — ки боиси кушта шудани шумораи зиёде аз кӯдакони фаластинӣ шудааст — дифоъ кард ва дар посух ба ин ки оё аз ин воқеот ризоят дорад, гуфт: «Агар фарзандони худатон дар Ғазза гаравгон буданд, чӣ кор мекардед, то онҳоро баргардонед?» Карлсон дар вокуниш таъкид кард: «Ман ҳаргиз куштани кӯдаконро тавҷеҳ намекунам ва дар ҳеҷ шароите онро намепазирам.»
Таҳлилгарон мегӯянд чунин изҳороте аз сӯи як дипломати аршади амрикоӣ дар Тел-Авив, наметавонад берун аз бахши таҳаввулоти сиёсии ҷорӣ тафсир шавад; ба вижа дар шароите, ки шаҳрсозиҳои исроилӣ рӯ ба афзоиш аст.
Ҳаккобӣ дар поёни гуфтугӣ кӯшиш кард аз шиддати ҷанҷоли суханони худ бикоҳад ва изҳор дошт, ки «Исроил дар паи тасарруфи ҳамаи сарзаминҳои зикршуда дар матнҳои динӣ нест, балки танҳо хоҳони ҳифзи минтақаҳои таҳти моликияти қонунӣ ва маҳалли сукунати худ аст» ва онро «паноҳгоҳе амн» тавсиф кард. Бо ин ҳол, мунаққидон ин суханонро кӯшише барои таҷдиди таърифи идеологияи бартарии динӣ дар пӯшиши дипломатӣ донистанд.
Your Comment