20 Феврал 2026 - 15:35
Source: ABNA
Махдудиятҳои шадиди ишғолгарон алайҳи намозгузорон дар Масҷид-ул-Ақсо

Хатиби Масҷид-ул-Ақсо аз татбиқи маҳдудиятҳои шадиди ишғолгарон алайҳи намозгузорон хабар дод ва гуфт: "Тадбирҳо ва маҳдудиятҳои татбиқшуда дар соли ҷорӣ нисбат ба солҳои гузашта шадидтар будааст."

Ба гузориши хабаргоҳи ABNA, Икрима Сабрӣ, хатиби Масҷид-ул-Ақсо дар гуфтугӯ бо Ал-Ҷазира эълом кард: "Режими ишғолгари сионистӣ тақрибан як моҳ пеш банақшагирӣ барои татбиқи маҳдудият алайҳи намозгузорон дар моҳи Рамазонро оғоз кардааст."

Вай гуфт: "Нерӯҳои ишғолгар бо далел овардани сабабҳои амниятӣ, аз ҳузури густурдаи ҳазорҳо мусулмон дар Масҷид-ул-Ақсо норозӣ ҳастанд ва ҳадафи ин нақшаҳо коҳиш додани шумораи мусулмонон дар шаҳри Қудс ва ин макони муқаддас аст."

Хатиби Масҷид-ул-Ақсо таъкид кард: "Тадбирҳо ва маҳдудиятҳои татбиқшуда дар соли ҷорӣ нисбат ба солҳои гузашта шадидтар ва шиддатбортар будааст."

Your Comment

You are replying to: .
captcha