19 Феврал 2026 - 13:43
Source: ABNA
Амрико бори дигар Ироқро ба таҳрим таҳдид кард

Ироқ аз гирифтани паёми шифоҳӣ дар бораи таҳрими Амрико дар сурати интихоби Нӯрӣ Моликӣ ба унвони нахуствазир хабар дод.

Бино ба гузориши хабаргузории ABNA, Вазорати умури хориҷаи Ироқ ба дахолати ошкори Вашингтон дар умури дохилии Бағдод ишора кард ва эълом дошт, ки ин кишвар паёме аз тарафи Амрико дар бораи ин дарёфт кардааст, ки дар сурате ки Бағдод бихоҳад ҳанӯз ҳам Нӯрӣ Моликиро маъмури ташкили кабинет кунад, таҳримҳоеро бар баъзе афрод ва ниҳодҳои ироқӣ татбиқ мекунад.

Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Ироқ омадааст, ки паёми шифоҳие, ки Бағдод аз амрикоиҳо дар Вашингтон дар сурати пофишории бузургтарин фраксияи порлумон бар муаррифии номзади кунунии худ [Нӯрӣ Моликӣ] гирифтааст, шомили ду банди асосӣ буда, ки банди аввал ишораи батнию ошкор ва сареҳи Амрико дар мавриди татбиқи таҳрим бар баъзе афрод ва ниҳодҳои ироқӣ будааст.

Бино бар ин баёния, банди дуюм низ шомили маҷмӯъае аз меъёрҳои марбут ба моҳияти ҳамкорӣ ва амалҳои муштараки Ироқ бо Амрико, бавижа дар хусуси ташкили ҳар гуна давлати оянда ва сохторҳои амалкарди он будааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha