Ба гузориши хабаргузории Абна, Муҳаммад Мифтоҳ сарпарасти ҳукумати Санъо таъкид кард, ки низоми ҳоким бар Арабистон масъулияти комили паёмадҳои ношӣ аз таҷовузҳои ин кишвар ва муҳосираи беш аз як даҳсола алайҳи Яманро ба ӯҳда дорад.
Вай ба тарафҳои дохилӣ ва хориҷӣ нисбат ба ҳар гуна амал ё таҷовузе алайҳи Яман ҳушдор дод ва гуфт: "Мо дар болотарин сатҳи омодагӣ барои рӯёрӯӣ қарор дорем".
Мифтаҳ баён кард: "Он чӣ имрӯз дар Фаластин рух медиҳад, баъдҳо дар дигар минтақаҳо низ рух хоҳад дод. Идомаи куштор ва ҳатку ҳурмати муқаддасот бе ҳеҷ вокунише як мусибати бузург аст, ки ояндаи ҳамаи моро таҳдид мекунад".
Вай бар пуштибонии комил аз миллати Фаластин ва миллатҳои уммати исломӣ дар баробари таҷовузҳои режими сионистӣ ва Амрико таъкид кард.
Мифтаҳ баён кард: "Рӯёрӯӣ бо душмани сионистӣ ва шарики амрикоии он бо дарки лоиҳаи хатарноки Исроили бузург ва Ховари Миёнаи нав ва кӯшиш барои сарнагун кардани онҳо оғоз мешавад. Истиқрори низомиёни амрикоӣ дар обҳо ва соҳилҳои мо ба нафъи уммат ва ҳеҷ тарафе нест. Аз Арабистон низ мехоҳем, ки дар роҳи коҳиши шиддат ва поён додан ба таҷовузҳои худ ва лағви муҳосираи Яман ҳаракат кунад".
Your Comment