14 Феврал 2026 - 14:17
Source: ABNA
Трамп аз силоҳи махфии "Confuser" рӯнамоӣ кард; абзоре барои ихтилол дар системаҳои дифоии Русия ва Чин

Трамп аз силоҳи махфии "Confuser" парда бардошт, ки ба гуфтаи ӯ дар амалиёти боздошти Мадуро боиси ихтилол дар системаҳои дифоии Русия, Чин ва Венесуэла шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Аҳли Байт (АС) - ИБНА - "Доналд Трамп", Президенти Иёлоти Муттаҳида, рӯзи ҷумъа дар пойгоҳи низомии "Форт Берг" воқеъ дар иёлати Каролинаи Шимолӣ, аз вуҷуди як силоҳи махфии амрикоӣ бо номи "Confuser" парда бардошт, ки ба гуфтаи ӯ, қобилияти халалдор кардани системаҳои дифоии Русия ва Чинро дорад.

Трамп ин изҳоротро дар дидор бо нерӯҳои вижае баён кард, ки дар амалиёти боздошти президенти Венесуэла ширкат доштанд.

Трамп дар суханони худ ба сарбозони ҳозир гуфт: "Ҳатто душманон акнун дар бораи силоҳи мо гап мезананд, зеро натавонистанд ягон тир холӣ кунанд". Ин сухан ишораест ба беамал шудани қисми зиёди системҳои дифоии Венесуэла дар ҷараёни амалиёти низомии 3 январи соли 2026 милодӣ, ки ба боздошти Мадуро ва ҳамсараш ва интиқоли онҳо ба Амрико барои муҳокима дар парвандаҳои марбут ба маводи мухаддир анҷомид.

Вай афзуд: "Таҷҳизоти русӣ аз кор монданд; таҷҳизоти чинӣ ҳам ҳамин тавр. Ҳама кӯшиш мекунанд фаҳманд, ки чаро ин ҳодиса рух дод. Рӯзе хоҳед донист."

Трамп, ки ҳамроҳ бо ҳамсараш "Мелания" дар ин нишаст ҳозир шуда буд, дар байни низомиён ва оилаҳояшон суханронӣ кард ва сипас бо аъзои воҳиди вижае дидор намуд, ки дар амалиёти Венесуэла ширкат доштаанд.

Ӯ пештар дар охири моҳи январ дар як таҷаммӯи бузург, амалиёти боздошти Мадуроро "яке аз бошукӯҳтарин, зудтарин ва марговартарин амалиёти низомӣ дар таърихи Амрико" тавсиф карда, гуфта буд: "Мо ба як пойгоҳи бузург ва пурқудрат ворид шудем, ҳамроҳ бо гурӯҳе аз ватандӯстони боистеъдод, ки кишварашонро дӯст медоранд."

Трамп ҳамчунин дар чанд гуфтугӯи расонаӣ аз ҷумла бо рӯзномаи Ню Йорк Пост ва шабакаи NBC дар бораи силоҳи тоза муаррифӣшуда сухан гуфтааст. Ӯ таъкид кард, ки ин силоҳ "равандҳои душманро аз кор меандозад" ва дар мусоҳиба бо Ню Йорк Пост афзуд: "Мо ворид шудем, онҳо тугмаҳоро пахш карданд вале ҳеҷ чиз кор накард." Вай гуфт нерӯҳои венесуэлӣ натавонистанд ҳатто мушаки худро партоб кунанд.

Трамп дар гуфтугӯ бо шабакаи NBC низ тасреҳ кард: "Иҷоза надорам дар борааш сӯҳбат кунам, вале метавонам бигӯям ҳеҷ яке аз системаҳояшон кор накард, ва ин ҳамон чизест, ки мехостам."

Ӯ хотирнишон сохт, ки номи ин силоҳро шахсан интихоб кардааст.


Your Comment

You are replying to: .
captcha