Ба гузориши хабаргузории ABNA, Ҳазрати Оятуллоҳ Хоменаӣ, Пешвои Инқилоби Исломӣ дар паёме ба ин конгресс таъкид карданд: «Баргузории чунин бузургдоште таъзим дар баробари истиқомат аст». Матни паёми Пешвои Инқилоб, ки имшаб дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ аз ҷониби Ҳуҷҷатулислом вал-муслимин Мусавӣ-Муқаддам, намояндаи Валии Фақеҳ дар Бунёди Шаҳид қироат шуд, ба шарҳи зайл аст:
Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон.
Дифоъи Муқаддаси ҳаштсола дар даҳаи шаст, аз як сӯ имтиҳони ифтихоромези миллати Эрон дар рашодат, имон ва пойдорӣ ва ибтикороти низомӣ буд ва аз сӯи дигар саҳнаи мазлумиятҳо ва ғурбатҳо ва таҳаммули дардҳои рӯҳӣ ва ҷисмӣ.
Навиштаҳои озодагон аз давраи асорат ва хушунатҳо ва номардиҳо дар он, нишондиҳандаи қисмате аз ин ҷанбаи дувум аст, ки бешубҳа танҳо гӯшае аз онро ҳикоят мекунад.
Акнун сухан аз касоне ба миён омадааст, ки дар он ғурбати ҷонкоҳ, ҷон ба ҷонофарин таслим карда ва шарбати шаҳодат нӯшидаанд. Касоне аз онон, ки то кунун шинохта шудаанд, беш аз ду ҳазор нафаранд. Метавонин мутмаин буд, ки онон то лаҳзаи охири зиндагӣ, ранҷ кашида вале таслими таваққуъот ва таҳмилоти зиндонбонони шарир нашуда ва шиканҷаҳоро таҳаммул кардаанд. Дуруди Худо бар онон.
Ин бузургдошт барои таъзим дар баробари истиқомати онҳост. Даст-андаркорони ин иҷтимоъ, мавзӯъро дуруст ташхис дода ва содиқона амал кардаанд.
Худованди мутаъол ба онҳо ва ҳамаи касоне, ки дар хидмати муқовиматанд, подоши нек ато фармояд.
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ
Сайид Алӣ Хоменаӣ
Your Comment